Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:11

44 медали варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои сеюми варзишии Евразия

19 сентябр 2013, 12:15

Варзишкорони тоҷик давоми ду рӯзи баргузории Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё байни писарон ва духтарон, ки дар Қазоқистон ҷараён дорад, 44 медал: 2 тило, 9 нуқра ва 33 биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз намуди дзюдо дар вазни +90 кило Ардашер Мирзоев, дар вазни 90 кило Темур Раҳимов соҳиби медали тило шуданд. Дар вазни 73 кило Парвиз Расулов, дар вазни 66 кило Хурсанд Давлатов, дар вазни 81 кило Шакаралӣ Мирмамадов, дар вазни 55 кило Иззатулло Донёров, дар вазни 50 кило Нуроншо Бодомаев, дар вазни 48 кило Шукрона Қаршиева ва дар вазни 52 кило Баҳригул Бобиева соҳиби нишони биринҷӣ шуданд.

Аз намуди гӯштии юнонӣ-румӣ дар вазни 32 кило Меҳроб Саидов, дар вазни 38 кило Олиҷон, дар вазни 50 кило Хайём Назаров медали нуқра гирифтанд. Дар вазни 46 кило Фаридун Тиллоев ва дар вазни 63 кило Бахтовар Ҳасанов медали биринҷии мусобиқотрго соҳиб шуданд.

Аз намуди таэквондо (WTF) дар вазни 42 кило Меҳрубон Сафарова, дар вазни 46 кило Адолат Алишерова, дар вазни 48 кило Далер Алмаков медали нуқра, дар вазни 49 кило Нилуфар Содиқова, дар вазни 51 кило Сиёвуши Шодизод, дар вазни 55 кило Шамсия Азизова, дар вазни 78 кило Аҳлиддин Шарифов, дар вазни 45 кило Алишер Туйчибоев, дар вазни 55 кило Фатҳиддин Туманов, дар вазни 44 кило Шарифзода Давлатбӣ медали биринҷӣ гирифтанд.

Аз намуди бокс дар вазни 46 кило Бахтовар Азизов, дар вазни 63 кило Манучеҳр Хоҷаев, дар вазни 80 кило Фаридун Азимов, дар вазни 52 кило Анвар Шоев медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз намуди самбо дар вазни 52 кило Бобиева Баҳригул ва дар вазни +84 кило Маҷидов Хуршед медали нуқра гирифта, дар вазни 42 кило Назриев Олим, дар вазни 46 кило Латипов Сорбон, дар вазни 48 кило Қарчиева Шукрона, дар вазни 50 ки Шодбеков Муҳаммад, дар вазни 55 кило Мавобуллои Хуршед, дар вазни 60 ки Сӯфиев Баҳром, дар вазни 66 кило Алиев Саймӯъмин, дар вазни 72 кило Абдуллоев Икромҷон, дар вазни 78 кило Ахмедов Зиннатшо, дар вазни 84 кг Қурбонов Муҳаммадризо медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Аз намуди варзиши сабук - дав ба масофаи 2000 метр бо монеаҳо Одинаев Меҳробҷон, Мирзоева Нилуфар, дав 4 маротиба ба масофаи 400 метр дастаи духтарон медали нуқра ва дастаи писарон медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии Евразия баъд аз Русия, Қазоқистон ва Беларус дар мақоми чорум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии Евразия байни писарон ва духтарон дар асоси қарори Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷараён дорад. Чорабинии мазкур рӯзи 14-уми сентябр оғоз гардида то 21-уми сентябри соли равон идома хоҳад кард. Дар чорабинии мазкур дастаи варзишии Тоҷикистон дар ҳайати 123 нафар аз рӯи 9 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштии тарзи озод, гӯштии юнонӣ-румӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, таэквондо (WTF) ва кураши қазоқӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як бор на мегуед,ки якумин медалхо дар тарихи нави Точикистон оид ба Дзюдо дар баени духтархо.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!