Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:10

Гуруснанишинии “Қорӣ” ва рӯзи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд

19 сентябр 2013, 14:12

Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, дониста мешавад, барои се рӯз даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Оқои Тошев ин тасмими худро дар додгоҳи Хуҷанд эълон кард, ки рӯзи 19-уми сентябр баррасии парвандаи ӯ ва Суннатулло Ризоев, як маҳбуси дигари Хуҷандро аз сар гирифт. Мақомот Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро дар паҳн намудани иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мекунанд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ се рӯз гуруснанишинӣ карда, 21-уми сентябрро Рӯзи шиканҷа дар маҳбасхонаҳои кишвар унвон кардааст: “Аз имрӯз сар карда Садриддин Тошев ба хотири марги Икромзода эълом кард, ки се рӯз гуруснанишинӣ мекунад ва санаи 21-уми сентябрро рӯзи шиканҷа ва маргу мири маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон эълон кард.”

Тошев ва Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.


Дар акс: Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • fira

  • 21 сентябр 2013 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чихел акс? наметобад ку

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!