Бахшҳо

ҲНИТ Кумита, ТВТ, "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо"-ро ба додгоҳ кашид

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукуматро ба додгоҳ кашида, узрхоҳияшро тақозо намудааст. Ин ҳизб рӯзи 19-уми сентябр ба ин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи шикоятӣ навиштааст.

Дар номаи мазкур Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба унвони ҷавобгар ва шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Шабакаи аввал” ва “Ҷаҳоннамо” ҳамҷавобгар дониста шудаанд. ҲНИТ ин ниҳодҳоро барои “фаъолияти сиёҳкунанда” ба додгоҳ кашида, талаб намудааст, то ба барномаҳои “ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ” хотима бахшад. Масъулони ҲНИТ аз барномаҳои зиддинаҳзатӣ шикоят карда, гуфтаанд, “вақтҳои охир бо наздик шудани маъракаи интихоботии президенти Тоҷикистон аз тарафи мақомоти мазкури телевизион ва радиои давлатӣ ташвиқу тарғиботи зидди ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки ин рафтор ва кирдори онҳо бар хилофи талаботи моддаи 26 ва 28-и Сарқонун мебошад.”

ҲНИТ бо таваҷҷуҳ ба моддаҳои 30-и Қонуни асосӣ, Қонун "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз додгоҳ ду хоҳиш кардааст. Якум ин ки пахши чунин барномаҳо қатъ ва дувум ҷавобгарҳо расман аз ин ҳизби мухолифи кишвар узр пурсанд.

Чанде пештар аз ин, ҲНИТ бо муроҷиати расмие аз худи Кумитаи радио ва телевизион дархост намуда буд, то дар баробари иттиҳому маъракаи таблиғотӣ алайҳи наҳзат барои намояндагони ҳизб низ минбар диҳад. Аммо дар посухи Кумитаи радио ва телевизион ба номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки рӯзи 5-уми август ва зери имзои Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, ирсол шуда буд, аз ҷумла гуфта мешавад, “шабакаҳои телевизионӣ ба ҳеч ваҷҳ ба пахши иттилои беасос ва таҳқиру туҳмат нисбати ҲНИТ роҳ надодаанд”. Кумита зикр мекунад, агар ҲНИТ гузоришҳои ахир аз ҷамъомадҳо бо иштироки уламо дар навоҳии кишварро дар назар дорад, “дар он ҷо иштирокчиён тибқи ҳуқуқи конститутсиониашон, назари шахсии худро баён намудаанд ва шабакаҳои телевизиону радио тибқи уҳдадориҳои оинномавии худ ба тамошобинону шунавандагонаш аз он иттилоъ додаанд.”

Барномаҳое алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи чоруми июл бо бархе аз рӯҳониёни кишвар пайдо шуданд. Дар ин мулоқот баъзе аз рӯҳониён вуҷуди ҳизб дар дини мубини Исломро рад карда, хостори ҳазфи калимаи Ислом аз номи ҲНИТ гардиданд.


ҲНИТ Кумита, ТВТ, "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо"-ро ба додгоҳ кашид
Мӯҳр
КИРМОНШОХ ВАНЧ
ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН ХУДАТОНА САБУР МЕГУЕД О КАНИ САБУРИИ ШУМО КИ ДАР ГУФТАХОИ ДУРУСТИ БАРНОМАХОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ НОСАБУРИ МЕКУНЕД АЗ СУД ДОДАНДА БАРНОМАХОТОНРО БАНДЕД ФАЪОЛИЯТАТОНРО КАТЪ КУНЕД САРИ МАРДУМРО БА МАВКЕЪГИРИХОИ БЕМАЪНИЯТОН БАНД НАКУНЕД МЕШАВАД КОРИ ЗУР

одина
о агар муллохои худатон шуморо тахкир карда бошанд кумита ва раисони тв чи гунах доранд?. муллохои худро насихат кунед. наметавонед? албатта не охир инхо хамон муллохоеанд ки гузаштагонашон аз ибтидо ба ХОКИМОНИ ДАВР хидмат мекарданд на ба ПАЙГАМБАРУ НА БА ДИНИ ИСЛОМ. инхо ХОКИМПАРАСТАНД, зеро бо зури ТАБАПР исломро пазируфтаанд ва зери пойи хокимон - гуё сояхои худо дар руи замин мечарханд. Бовар накунед фатвоояшонро дар бораи катли вахшиёнаи набераи ПАйгамбари АКРАМ ва авлодони баъдии У кофиру муртад хондани олимону шоирони бузурги миллати ТОЧИК ва хиёнатхои таърихии муддавомашонро бихонеду биёмузед.. Аз мост ки бар мост чанобон.....

КИРМОНШОХ ВАНЧ
ПАВРАДИГОР ХАМАРО АЗ НИЯТАШ МЕДИХАД АГАР ШАВ АЙ РУЗ КИ НАХЗАТИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН БГУЙ КИ НИЯТАТОН ХУБ НАБОШАД ХАМИТА КАЛАВИДАН МЕГИРЕДУ БА ЧОЕ НАМЕРАСЕД БАРОИ ХАМИН ХАДАФХОИ НЕКИ ХИЗБИ ХАЛКИИ ДЕМОКРАТИИ ТОЧИКИСТОНА ДАСТГИРИ КУНЕДУ ДАР ПАЙИ АМАЛИШАВИИ ИКДОМХОИ НАЧИБАШОН БО ДАСТУ ДИЛИ ПОК ХАМОВОЗ ШАВЕД АНА МЕБИНЕД КИ ВАТАН ХАМ ШУКУФОН ШУМО ХАМ САРБАЛАНД МИЛЛАТ ХАМ БЕОСЕБ РУШД МЕКУНАД

ИЛТИМОС ДИГАРИ ФИКРХОРА ХАМ ЧОП КУНЕД

dushanbe
hizbi nahzat khudash aibdor dar hama soha shaitoni kardaast va kardestai dar dini islom ham fandu fireb mardum fahmid ki hizb takya mekadast shaitoniro din medonan firebkuniro savob medonan inro hizb adolat meguyad

А
Ба кирмоншох дигар фикрхо хаминки фикри ту хато!

Акаи Кирмоншох магзи саратро кирмхо хурдаанд чи сафсатаи бисёр мегуи? Дар тамоми давлатхои пешрафта ракобат байни хизбхо вучуд дорад, гайр аз точикистон. Барои пешрафт бояд 3-4 хизби пешкадам бошад, ки хизби хоким хама вакт дар тарсу харос бошад ва хатогии худро хамон лахза ислох кунад. Вакте ракобат нест мо хама вакт як акидаро мешунавем ва дар пешрафт мебинем, ин бе ракобатиро диктотури мегуянд ако.

Рута сиёх накун Кирмоншох, ту аз Ванч нести. Ванч мисли ту номард, буз, беакл, бефарханг, хоин, ва лаганбардору тамаллукор надорад

Салмон:
Эй кирмон хизби халки демократия масчидбандихоша дастгири кунемми?!

Олим
Хизби халки демократа кадом икдомаш начиб масчидманъкунихош ё мактабманъкунихош барои сатрдорхо ё роххоро пулаки кардагихош умуман дар точикистон хама чизро пулаки кардагихош?! Илтимос чоп кунетон.

Akbar
Ba Kirmonshoh iltimos az nomi mardumi Vanj nanavis sharmandai
besavod hamai fikrhoyat khato khub meshud ki tamoman ovozata namebarovardi

Ба кирмоншох
Бародар Хизби халкии демократи мегуй, медони ки ХХДТ хокимият дар тули 20 сол чигуна манфиатхои милиро истифода кардаанд. Язнаи Президент (Хасан) хама корхонахои фоидадорро кашида гирифтасту на худаш кор мекунад ва намемонад, ки ягон нафари дигар кор кунад!!! Ман сад дар сад пешгуи мекунам, ки Рахмон президент таин мешавад, вале Хизби нахзати Исломии Точикистон акалан зарае хам бошад ба ин ноадолатон камбудихояшонро руи об мебарорад. То кая шкронаи чаноби оли мекнем эй мардум дар асри 21 зиндаги дорем. Афгонистон давлати чангзадааст вале Хомид карзай баъди ду маротиба интихоб шуданаш курсиро ба дигар кас месупорад. Чомеаи чахони моро механдад мо Точикон аз хамин ру дар дигар давлатхо кадр надорем. Вой бар холи мардуми точик.....

дар хакикат барномахои телевизиони дар Точикистон аксарият барномахояшон маъне надорад факат раксу бози!!!!

рембо
Ин радио ва телевизиони точи факат ду чиза пахш кардан метонаду халос.1 -ракс.2-танкиди ХНИТ тамом.Дигар камбудихои чомеаро бо чашми сарш намебинад.Ба гуфти раиси садоу симо Точикистон дигар камбуди надорад.Эй то кайя мардума фреб мекни.Охир ин вазифа умри нест.Якруз не як руз аз ин вазифа мерай.Баъд аз рафтант чхел ба руи халку милатат нигох мекни.Ва ба Кирмоншох гуфтаниам,ки ту хдта Ванчи нагу Ванч аз ту барин косалеси лаган бардор безорай.

Бале дуруст гуфти бародар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)