Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:12

25 миллион доллар барои 20 соли гиря

27 июл 2011, 05:27

Ду хоҳар дар Амрико ба хотири иштибоҳи калисо 20 сол ба ҷои сари қабри модарашон дар сари гӯри шахси бегона  гиря кардаанд.


Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ ин ду хоҳар ҳар ҳафта дар қабристони Рузҳели шаҳри Лейндани иёлоти Ню-ҷерсии Амрико сари қабри модарашон мерафтанду ба ёди ӯ гиря мекарданд. Аммо пас аз гузашти 20-сол муайян гашта, ки онҳо иштибоҳӣ ин қабрро мазори модари худ мепиндоштанд, зеро ходими калисо ҳангоми сабти номи модарашон ба рӯи санги қабр хато кардааст. Вақте як қисмат аз қабрро боз карданд, мушаххас шуд, ки дар ин қабр ҷасади марде дафн шудааст. Ин ҳолат боиси низоъ байни ин ду хоҳар ва калисо гашт. Ду хоҳари амрикоӣ худро таҳқиршуда меҳисобанд ва ба додгоҳ шикоят бурдаанд, ки ба хотири хатои калисо онҳо 20 –сол бар сари қабри бегонае гиря кардаанд ва ба хотири ин 25 миллион доллар ҷуброни зарари маънавиро аз калисо талаб доранд.   {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!