Бахшҳо

Баҳси “мӯъҷиза”-и табдил шудани як духтар ба писар дар Панҷ

Бархе аз рӯҳониён дар масоҷиди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон хостори нуқтагузорӣ ба овозаи табдил шудани як духтари 19-сола ба писар дар ин минтақа шудаанд.

Онҳо рухдоди воқеии чунин як “мӯъҷиза”-ро дар Панҷ рад карда, гуфтаанд, тағйири либос ва баъзе сохтакориҳои духтари 19-сола боиси чунин сарусадоҳо шудааст. Як масъули Идораи умури дохилии ноҳияи Панҷ низ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дар ин бора дар миёни мардуми Панҷ овоза паҳн гардидааст, аммо мақомот маълум намуданд, ки ин овоза асос надорад”.

Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҳам бо баргузории ҷаласае ин мавзӯъро ба баҳс кашида ва гуфтааст, ҳарчанд иддае барои “зиёрат”-и писар рафтаву пул медиҳанд, аммо дар асл чунин “мӯъҷиза” нашудааст. Ба қавли ӯ, маъмурони пулис бо худи духтар дар ин замина суҳбат карда, маълум намудаанд, сохтакории ӯ дар Шаби Қадр духтарро ба як “писар” табдил дода ва боиси таваҷҷуҳи сокинон шудааст.
Мақомот мегӯянд, ҳоло тафтиши ин қазия идома дорад ва то анҷоми он номи духтару хонаводааш ва маҳалли зисти онҳо пинҳон дошта мешавад.

Ахиран овозаи табдили духтари 19-сола ба писар дар хоҷагии Малинкови ноҳияи Панҷ паҳн гардид, ки ин ҳодиса садҳо сокини ин минтақаро ба ҳайрат гузошт. Чанде аз сокинони Панҷ бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфтанд, ин ҳодиса ҳанӯз ду моҳи қабл, дар Шаби Қадр, иттифоқ уфтода, вале ин духтар аз шарм то ҳоло худро пинҳон медоштааст.
Мӯҳр
Талабшо латипов
Салом ба хамаи мусалмонон худо кодираст ба хама кор эмардум шумо ба ин кудратхои худованд боваркунед инхел кудратхо дорад

Фируз Шарипов
Дуруст Худованд ба хамаи кор кодираст вале ин овозае,ки дар н.Панч пахн шудааст ин ягон асос надорад вай духтар касали рухи доштааст худро писар гуфта гаштаст

in hodisa asos dorad lekin maqomot guftaand ki shumo boyad to baadi vibraa in mavzuro makhfi nigoh medoshted

Мардуми то чи андоза тафакури паст доранд.Аз худашон кихо метарошанд.Аз хамин сабаб мо пеш намеравем.Ой мардум бедор шавед.Бо Худочон ва неъматхои вай бози накунед. газаби Худочонро наоред.

Талабшо латипов,

Ин ово3а рост аст асос дорад вале бо сабабхои гуногун то баъди интихобота махфи нигох дошта мешавад бо 4ашмони худам дидам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)