Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:17

Ҳушдори ситоди Бобоназарова ба раҳбарони шаҳру навоҳӣ

20 сентябр 2013, 11:50

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи монеагузориҳо раҳбарони бархе аз шаҳру навоҳии кишварро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Ба қавли масъулони ин ситод, то ҳоло раҳбарони танҳо 9 ноҳия аз тамоми Тоҷикистон ба варақаи ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобонзарова мӯҳр зада, бақияашон бо ҳар баҳона худдорӣ мекунанд. Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ислоҳотхоҳон, гуфт, “аз вилояти Хатлон: шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара ва Абдураҳмони Ҷомӣ; аз ноҳияи тобеи марказ: Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Ҳисор; аз Суғд: Ғончӣ ва аз Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ ба варақаҳо мӯҳр заданд ва дар ин ноҳияҳо ташаббускорон ба ҷамъоварии имзо шуруъ карданд. Дар боқии ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам монеагузориҳо зиёданд. Дар сурати ҳал нашудани ин масъала, аз ин рӯз сар карда, ба додгоҳ муроҷиат хоҳем кард.”

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадшариф Набиев, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва узви ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар гирифтани муҳри раисони бархе аз навоҳии вилояти Хатлон барои ҷамъоварии имзоҳо бо мушкилот рӯбарӯ шудаанд. Ӯ мегӯяд, “вақтҳои охир раисони ноҳияҳо дастнорас шудаанд, ки ёфтани онҳо барои гирифтани муҳр имконнопазир мебошад. Бахусус раиси ноҳияи Муминободро тӯли се рӯз мешавад, мекобем.”

Ҳушдори ситоди Бобоназарова ба раҳбарони шаҳру навоҳӣИнчунин, ин корманди ситод мегӯяд, раиси ноҳияи Темурмалик ба кормандони ситод гуфтааст, то тамоми аҳзоби сиёсии кишвар анҷуманҳои худро нагузаронанд, имзо нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Набиев ин амалкард хилофи қонунгузории Тоҷикистон мебошад. Номзадҳо ба мақоми перзидентӣ қабл аз он ки тамоми асноди худро барои сабтином ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунанд, бояд 210 ҳазор имзо ба тарафдории худ ҷамъоварӣ намоянд. Ин 210 ҳазор панҷ дарсади шаҳрвандоне дониста мешавад, ки ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, тақрибан чаҳор миллион шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби ҳаққи раъяанд, ки 900 ҳазори онҳо берун аз кишвар ба сар мебаранд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ, дар рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. То кунун чаҳор номзад ба ин мақом муаррифӣ шуда, аҳзобу созмонҳои дигар номзади худро то рӯзи ҳафтуми октябр мушаххас хоҳанд кард.[size]


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 20 сентябр 2013 11:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи раисони нохияхо бояд ба истеъфо раванд, зеро бесаводанд ва конуни интихоботро намедонанд ва хамчунин ба ваъдаи раисашон, ки ваъдаи интихоботи шаффофро додааст, хиёнат карда истодаанд.
Посух додан
  • Хакгу

  • 20 сентябр 2013 11:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман чунин гуфтаниям,ки хамаи ин раисонро ба суд кашанд то дигар зиди конун кор накунанд.
Посух додан
  • Ҳайдарали

  • 20 сентябр 2013 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Намояндаҳои маҳаллии мафияи БОЛО раисони ноҳияҳо мебошанд.
Посух додан
  • Душанбе

  • 20 сентябр 2013 12:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ба Суд кашидани онҳо чизе тағйир намеёбад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Айбаст э шармандахо боз шарм надошта мегуянд ки интихоботро шаффоф мегузаронем хаминаст шаффофиятон руйрост мардумро фиреб мекунанде.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Об аз сар лой аст.КМИР аз салохиятхояш суистифода намуда тартиберо барои чамъоварии имзохо мукаррар кардааст, ки хади акал якчанд руз раисони шахру навохй гуруххои ташаббускори номзадро сарсону саргардон карда метавонанд: яке мачлис меорояду касе намедонад, ки он кай поён меёбад; дигарй тамоми руз дар пахтазор мемонад;саввумй ба маркази вилоят меравад; пагоху пасфардо рузхои истирохат, ёфтани раисхо боз хам мушкилтар; хангоме ки дарёб кардй боз сад бахонаи дигар пеш меоранд: "варакахоро хар як имзочамъкунанда худаш бигирад", "вобаста ба тедоди аъзои хизбатон варака гиред", "холо дигар ахзоб анчуман нагузаронидаанд..."Инхо аз мардум ку шарм намедоранд. магар аз чазои Худо хам наметарсанд? Худоё, боре кудрату каххориятро ба ин хавобаландхо нишон бидех, илтичо мекунам...Дигар пурсандае намонд дар ин кишвари асримиёнагии фасодзада.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин он интихобти "шафофе" ки ба хамаи мо ЧО ваъда дода буд. Ана демократия мана демократия.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!