Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Назарпурсӣ: 68% аз номзадии Бобоназарова ҳимоят карданд

20 сентябр 2013, 14:38

Зимни як назарпурсӣ дар бахши русии сомонаи “Озодагон” наздики 70 дарсади хонандагон аз пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ҳимоят кардаанд.

Аз ҷумла 40 дарсади хонандагон изҳор доштаанд, ки пурра ҷонибдори номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ мебошанд. 28 дарсад пешниҳоди номзадии Бобоназароваро як иқдоми маҷбурӣ, вале дар айни замон дуруст хондаанд. Ҳамагӣ 22 дарсади хонандагони “Озодагон” пешниҳоди Ойниҳол Бобоназароваро ба президентӣ иштибоҳ хондаанд.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд.

Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо худатон афсона мебофед ба ин афсонахо бовар мекунед..ва баъд дар асл ин номзад 3-5 фоиз овоз гирад хайрон мешавед....бас кунед ин афсонапарвариро...хозир маълум ки ин номзади ХНИТ аз 5 фоиз зиёд намегирад....ана мебинед интихобот гузарад ..мукоиса кунед
Посух додан
  • Дехкон

  • 20 сентябр 2013 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоаллох хонума Ойнихол Бобоназарова Президенти ояндаи Точикистон хохад шуд. Бештари мардуми Точикистон ба Ойнихол раъй хоханд дод.
Посух додан
  • Holis

  • 20 сентябр 2013 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба мардуми захматкаши точик ман шахсан тарафдори Хонум Ойнихол Б. хастам умеворам, ки у пируз мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар Калисои Протестанти ба рохиби католик ки хам боз овоз медихад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман фикр мекунам, ки Озодагонро бештар намояндагии Озодагон мутоила мекунанд, барои хамин чунин хулосахо пайдо мешаванд. Бо фоиз назарсанчиро овардеду шумораи иштирокдорон нест?! Ва умуман фаромуш насозед, ки Точикистон зиёда аз ду миллион овоздиханда дорад!
Посух додан
  • Бегараз

  • 20 сентябр 2013 19:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонум Бобоназарова сину солат бачое расидааст дига вакти дар сиёсат мудохила кардани шумо нест рав дар халкаи наберахо афсона гуфта даврони пириро хуш гузарон

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!