Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:07

Нигоҳе ба парвандаи куштори дохилй дар Иёлоти Муттаҳида

20 сентябр 2013, 15:55

Тирандозй ва қатли ом дар Амрико тамом шуданй нест. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, як парвандаи қатли оми дигаре ба маҷмуаи парвандаҳои ин даста аз қатлҳо дар Амрико афзуда шуд. Субҳи рузи сешанбе як низомии неруҳои баҳрии Амрико дар дохили бинои муҷтамаи неруи бахрии ин кишвар даст ба кушторе зад, ки боиси марги 12 нафар ва захмй шудани чанд тан, аз ҷумла як афсари полис ва як нигаҳбон мунҷар шуд. Албатта ҳамлагар худ низ дар ин даргирй ҷонашро аз даст дод.

Орон Алексис, низомии 34 солае, ки омили куштори ахир буд, дар байни солҳои 2007 то 2011 ба сурати расмй дар неруи бахрии Амрико фаъолият мекарда ва муддате низ ба унвони паймонкори қуввахои баҳрии Амрико дар бахши фановарии иттилоот фаъолият кардааст. Аммо то кунун ангезаи вай аз ин иқдоми хушунатбор мушаххас нашудааст.

Ҳарчанд шояд дар ояндаи наздик иллати иқдоми Алексис мушаххас шавад, аммо набудани ангезаи хос дар ин навъ қатлиомҳо дар Амрико, мавзуъе ғайри табиъии ва ғайри маъмулӣ нест. Тақрибан як сол пеш, дар 25 сентябр 2012 ҷавоне 20 сола бо аслиҳа вориди мактаби Санди Ҳук дар иёлоти Контикет шуд ва 27 нафар, аз ҷумла 20 кудакро тирборон кард. 5 моҳ қабл аз он низ, яъне май 2012 ҷавоне ба номи Ҷеймз Ҳолмз, ки 24 сол син дошт, бо ҳамла ба синамохонае дар шаҳри Клорадо, 12 нафар, аз ҷумла як духтари 6 соларо кушт ва беш аз 50 нафарро захмй кард.

Албатта факат инҳо тирандозихо дар соли 2012 набуданд. Марти ҳамон сол низ дар шаҳри Толсо, Оклаҳама як марди мусаллаҳ бо тирандозиҳои паёпай се нафарро кушт ва ду нафари дигарро ҳам ба шиддат маҷруҳ кард. Чанд руз пештар аз он низ ҳафт нафар дар ҳодисаи тирандозй дар донишгоҳе дар иёлоти Колифорниёи Амрико кушта шуданд. Дар ин ҳодиса фарде бо тирандзй дар колеҷи масиҳие дар шаҳри Окланд, ки ағлаби донишомузони он кореитабор буданд, 5 нафарро кушт ва аз 5 маҷруҳе, ки ба бемористон мунтақил шуданд, ду нафар дар бемористон ҷон бохтанд.

Ҳудуди як моҳ қабл аз ин моҷаро низ яъне феврали 2012, дар ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Чордон дар иёлоти Уҳоюй, як шогирди маткабхон бо тирандозӣ ба тарафи донишомузон 3 нафарро кушт.

Соли 2011 низ Габрил Гифордез, узви маҷлиси намояндагони Амрико ва 18 тани дигар, дар январи 2011 дар гирдиҳамоии умумй дар шаҳри Тусон Аризуно ҳадафи тирандозй қарор гирифтанд.

Бо вуҷуди ин руйхати тулонии куштор дар Амрико, дар ниҳоят интизори тағйире чандоне дар қонунхои назорати силоҳ дар Амрикоро наметавон дошт. Дар воқеъ ин мавзуъ ба амре маъмулй табдил шуда, ки ибтидо қатли ом руй медиҳад ва мудофеони контроли силоҳ дар мавриди аҳмақона будани ин саҳлангорй сухан мегуянд, аммо қонун тағйире намекунад ва сипас моҷаро то қатли омии дигре ба фаромушй супурда мешавд.

Сабаби такрори ин иттифоқотро бояд дар ду мавзуъ ҷустуҷу кард; яке алоқамании шаҳрвандони амрикой ба нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи гарм ва дигарй лобиҳои(пуштибонхои) қудратманди аслиҳа. Илова бар ин барои раиси ҷумҳури Амрико ҳам, манъи хариду фуруши силоҳ дар Амрико, он тавр, ки дар даври аввали рақобатҳои интихоботии худ руи он монёвр медод, аз авлавияти чандоне бархурдор нест.

Барак Обама баъд аз ҳодисаи тирандозӣ дар воҳиди фармондеҳии куввахои бахрии Амрико, дар қалби пийтахти ин кишвар, зимни ибрози таассуф, ин ҳамаро буздилона донист ва дастур дод рузи ҷумъа парчами Амрико ба сурати нима боло биравад.

Ин мавзеъгирии заъиф нишон медиҳад Обама, ки баъд аз моҷарои тирандозй дар мактаби Санди Ҳук талош дошт, истифода аз силоҳи гарм дар Амрикоро маҳдуд кунад, бо дари баста рубару шуда аст, чаро ки тарҳи у дар мавриди ин ки мавзуи хариди силоҳ баррасй шавад, бо мухлифати конгрес рубару шуд. Иллати ин мухолифат ҳам ногуфта пайдост; ҳузур ва нуфузи болои лобии (пуштибонхои) силоҳ дар миёни аъзои конгрес.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!