Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:55

Олим Бобоев бе алтернатива номзад ба мақоми президентӣ шуд

20 сентябр 2013, 16:17

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), дар Анҷумани ҳизбаш, ки 20-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, бидуни алтернатива номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд. Аз 123 вакиле, ки дар ин анҷуман ҳузур доштанд, ҳамагӣ аз Олим Бобоев пуштибонӣ карда ва ӯро номзади арзанда донистанд.

Масъулони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар Анҷумани рӯзи 20-уми сентябр инчунин барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд. Рустам Назаров, муовини раиси ҲИИТ, гуфт, барномаи онҳо барои беҳбудии ҳаёти сокинон ва иқтисоди кишвар нигаронда шуда, аз барномаҳои аҳзоби дигар, аз ҷумла Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ беҳтар аст.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005, як сол қабл аз интихоботи президентии соли 2006, таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир 19 ҳазор узв дорад, ки 20 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медодаанд. Олим Бобоев, ки аз замони таъсиси ин ҳизб раҳбарияшро бар дӯш дорад, ба ин тартиб бори дувум вориди корзори интихоботи президентӣ мешавад. Вай соли 2006 низ дар интихоботи президентӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков, Амир Қароқулов ва Абдуҳалим Ғаффоров барои курсии президентӣ рақобат карда, аммо дасти холӣ берун омада буд.

Олим Бобоев дар гузашта вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Бобоев О. дигар кор надорад ,бигзор ягон шогирдаша пешбари мекард хуб мешуд, Худи у ва Хизби ислохоти иктисодии у ягон барнома ва йо модели нави ислохоти иктисодиро ба иктисоди фасодзадаи точик пешниход накардааст. Махсус дар замони Вазири наклийот ва коммуникатсия буданаш ислохоти кардагияш хамин буд ки ба пулаки намудани рохи ягонви Чануб- Шимол ризоият дод....
Ман ба "Озодагон" арч мегузорам ва ин шархи аввалини ман аст .

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!