Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Посбонҳои бӯстонсарои Зайд таҳти фишор қарор гирифтаанд

20 сентябр 2013, 16:27

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод аз посбонҳои бӯстонсарои Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, хостаанд, то бар зидди кордеҳашон шоҳидӣ диҳанд.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, нимаи дувуми рӯзи 19-уми сентябр гурӯҳи кории Оҷонсии зидди фасод таҳти роҳбарии Зуҳал Раҳимов ба бӯстонсарои зерҳимояашон рафта, посбонҳоро барои шоҳидӣ ба бинои Оҷонсӣ овардаанд. Оқои Зокиров бо такя ба иттилои Субҳон Холмуродов, яке аз посбонҳои бӯстонсаро гуфт, масъулини Оҷонсӣ бо роҳи фишор ва истинтоқ аз онҳо талаб кардаанд, то бар зидди Зайд Саидов шоҳидӣ диҳад.

“Дар умум посбонҳоро се бор ба Оҷонсӣ даъват карданд. Бори нахуст дирӯз аз нисфирӯзӣ даъват карда, то соати 21-и шаб нигоҳ доштанд. Субҳон Холмуродов ба назди мо шикоят оварда гуфт, дар Оҷонсӣ аз ӯ талаб кардаанд, то дар мурофиаи додгоҳӣ шоҳидӣ бидиҳад, ки гӯиё Зайд Саидов ба бӯстонсаро ашхоси бегона, бахусус занҳоро мебурдааст”,-илова намуд Фахриддин Зокиров.

Ин вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Субҳон Холмуродов ба Додситонии кулли кишвар рафта, аз болои ин ҳодиса шикоят бурдааст. Фахриддин Зокиров мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Оҷонсии мубориза бо фасод бо ин иқдомаш хостори исботи парвандаи марбут ба таҷовуз мебошад: “Гап сари он меравад, ки парвандаи марбут ба ин ҷиноят дар ҳолати ногувор қарор дорад. Ба таҳлили мо, Оҷонсӣ бо роҳи фишор ба посбонҳо мехоҳад далелҳои иловагӣ “пайдо” намояд.”

Фахриддин Зокиров афзуд, вакилони Зайд Саидов аз рафти ҳодисаи мазкур ба раисикунандаи мурофиаи додгоҳии парванда - Шавкат Абдулхайров ҳам шикоят бурда, додраси парванда ваъда кардааст, ин ҳолатро ба инобат хоҳад гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 20 сентябр 2013 17:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хм... angry
Посух додан
  • Расул

  • 20 сентябр 2013 17:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Очонсии Зидди Фасод не-Очонсии Фасод
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охиста охиста хамаш маълум мешад Худо хар нафарро мувофики аъмолаш мукофот медихад. Аз муносибати баъзе давлатдорон чунин бармеояд, ки чи рафторе хоханд барои дар кудрат мондан анчом медиханд аммо фаромуш кардаанд ки Довари БарХАК Худованди карим бар хама корхои мо огох аст. Зайд сабур бош ин имтихон аст ИншаАЛЛОХ ОЗОД меши. ХУДОВАНД ХАКРО БА ХАКДОР МЕРАСОНАД.
Посух додан
  • мах

  • 21 сентябр 2013 08:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин бародара бурда азоб медиханд албата дигар мачбур мешавад чи коре нашударо хам мегуяд ки шудааст!!!!!
Посух додан
  • Далер

  • 21 сентябр 2013 12:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э мардум мо дар фикри хеч кас нестем. агап мо хаминхел ва дар хама кор бетараф бошем оянда хамаи моро фарзандони моро падарони моро хамин хел мисли Зайд Саидов тухмат мекунанд. хамин коргарои коррупсия ба Ланд Крузер мегардан. чи онхо бо маош гирифтай. то охири умрша маошоша хисоь куни жигули гирифта наметона. Оянда аз мо халк вобаста аст....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!