Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Нафрати русҳо ба муҳоҷирон ... аз носкашӣ будааст

20 сентябр 2013, 17:19

Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар муносибати бади аҳолии муқимии кишвараш бо муҳоҷирон, худи муҳоҷиронро айбдор медонад.

Ӯ гуфтааст, муҳоҷирони меҳнатӣ бо бархе аз амалҳои худ, аз ҷумла, пӯхтани сихкабоб ва кашидани тамоку (нос) дар кӯчаҳо сокинони муқимиро ба ғазаб меоранд. Раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, "дар маҳаллаи Кузминкӣ бо саги худ дар кӯчаҳо пиёдаравӣ кардан имконнопазир мебошад. Зеро муҳоҷирон дар кӯчаву хиёбонҳои ин минтақа бо омода кардани сихкабобу кашидани тамоку машғуланд, ки ин амал ба сокинон намефорад."

Ба гуфтаи Ромодановский, дар тӯли 4 соли охир шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия 37 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин нишондодро аслан ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Ромодановский афзудааст, шаҳрвандони Русия муҳоҷиронро барои он бад намебинанд, ки онҳо дар ватанашон кор мекунанд, балки барои бархе аз рафторҳояшон аз онҳо нафрат доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мо руских евреев не любим барои тафрика меандозанд хамеша гапу калочаро хамин яхуди таборхо меандозанд русхои тахчо бо точикон проблем надоранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар 4 сол 37% зиёд шида боша, канешна катастрофаай. Бе ин хам токатшон ток шидеста бд, якбора шид ку.
Посух додан
  • Ahmad

  • 20 сентябр 2013 22:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо Тоҷикон ҳам ба муддати 70 сол намехостем ки Русҳо дар ватани мо урён, шаробнуши, хyкчарони кyнанд вале мекарданд. Ҳамаи инҳо не мутобиқи фарҳнангу не мyтобиқи дини мо бyд вале онҳо кардандy мо сабр кардем. Ҳозир навбати Русҳо омада бояд сабр кyнанд чyн хоҳанд нахоҳанд мо сих кабоб мехурем ва даркор шавад фели бади носкаши ҳам мекунем чyн аз аҳли оила дур ҳастемy зиқ шyда нос мекашем. Рyсҳо бояд шyкр кунанд ки мо муҳоҷирон ба маблағи камy паст шаҳрҳои онҳо обод соф мекyнем, агар мо набошем Расия ҷои муср мегардад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баде.сафи мухочирони кори дар шахри Москва сол ба сол зиёд шуда истодааст.Точикистонихо хам бисёранд.Декин кани он микдор точикони серпулу бойбача,ки дар минтакахои назли шахри сайру гашт мекунанд.Русхо худашон дар хаки сихкабобо мемуранд.Онхо акнун оши паловпазиву сихкабобопазиро хедл чидди омухтаанд.Дар дачахояшон хангоми истирохату фарогат пухту ази сихкабобу оши палов тайёркуни дар авчи аълояш аст.хатто,баъзеи "русхои нав",аз хисоби ошпазхои самарканди,нафарони алохида доранд.Шахрдорони Маскав,хам дар наъл мезананду хам дар лаъл.Бо масъалахои мухочирон бози карда истодаанд.ин тавр,ки бошад,дарвозахои Маскавро банданд.Рохи мухочиронро махкам кунанд.Носкаши намефоридааст.Бале,точикону узбекони мухочир хамин маводи ифлосро ба зери забони худ партофта.асаб "ором" мекнанд.Лекин русхо-истикоматкунандагони Маскав,ки нихоят ахолии эркаву нозуку асаби гаштаанд,фаромуш сохтаанд,ки аз саргини сагхову гурбахо ва ахлотхои хонаги,чи кадар манзарахои дилбехузур кунанда ба чашм мерасанд.Хавлирубону кучарубони мухочир,ахлотхову саргинхои хайвоноти хонагии онхоро тоза мекунанд.Хатто москвагихое хастанд,ки мисли хайвон дар даромадгоххои подъезду хонахо шоша мекунанду кай менамоянд.Ахолии Шарки Дур мохи сеюм аст,ки аз осебхои табии зарар мебинанд.Садхо хазорон ,аз кудакони хурсдсол то пирони барчомонда тахдиди обхезиро пай бурда,сарсону саргардонанд.Лекин касе аз онхо ба гирдихамоиву норозигихо ба мукобили рохбарони Россия даъват намекунад.токат мекунанд.Барои маскавихои "набалованный" ва дагалу ношукр носкашии мухочирон бахона гаштааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухоч,ирон бар душ шаъни миллат , обруи ватанашонро доранд! Алббата аз он сайру гаштх,ои бемак,саду беохир бояд парх,ез кунанд. Дар ч,ойх,ои ч,амиятии урус ба х,ар чи гуна корхое , ки писанди онх,о нест , даст назананд. Бояд фаромуш накунанд , ки онх,о фак,ат аз сабаби кор надоштанашон дар ватани худ , ин ч,о омаданд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!