Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

ФФТ нагузошт, “Равшан”-и Кӯлоб бо "Истиқлол" бозӣ кунад

20 сентябр 2013, 18:05

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дастаи “Равшан”-и Кӯлобро барои “риоя накардани дастури баргузории мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон” аз ҳаққи иштирок дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима кард.

Дастаи “Равшан” рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар бозии ҷавобии даври 1\4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд. Аммо пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи “Парвоз” ба ФФТ эътирози расмӣ навишт, ки гӯиё дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи “Равшан” Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард ва ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад.

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин номаро мавриди таҳқиқ карор дода, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, ки бозии “Равшан” бо “Парвоз” бохти техникӣ эътироф шуда, ин даста аз ҳаққи иштирок дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 маҳрум гардидааст. Дар ҳоле ки қарор буд, дар даври нимфинал “Равшан”-и Кӯлоб бо “Истиқлол”-и Душанбе, ки Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз бозигарони собиқи ин даста аст, рӯбарӯ мешуд. Ҳамакнун, дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 бо “Истиқлол” рақобат хоҳад кард, ки бино ба пешбинии коршиносони соҳа роҳи пирӯзиро барои дувумӣ ҳамвор месозад.

Ёдовар мешавем, ахиран Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Дастури мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дароварда буд. Дар ин ҳуҷҷат омадааст, "аз нимаи дувуми мавсим ҳар як бошгоҳ вазифадор аст, ки дар ҳайати ибтидоии даста дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонӣ дар лигаҳои олӣ ва якум,Ҷоми Тоҷикистон як бозигари то 19-сола (соли таваллудаш на аз 1994 боло)-ро дохил намояд. Ҳамчунин ин бозигарро дар ҷараёни бозӣ танҳо бозигари синну соли 19-сола иваз карда метавонад. Дар мавриди вайрон кардани ин қоида ба бошгоҳ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода мешавад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Кулобӣ

  • 20 сентябр 2013 18:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номардҳо футболро сиёсатзада карданд. Имсол "Истиқлох" ҷомро намегирифт, шарманда мешуд. Барои ҳамин ин фитнаро эҷод карда, бо ҳамин роҳ монеаи аслияшон - "Равшан"-ро "убрать" карданд. Ҳеҷ гап не, чемпионӣ боз насиби мост. Ҳамин "Истиқлол" набошад, футболи тоҷик рушд мекунад.
Посух додан
  • Р. К. Ч.

  • 20 сентябр 2013 18:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозии финали ки дар рузи зодрузи падари Рустам Э рахмон мешавад бояд дастаи Рустам сохиби чом шавадку барои хамин чунин дасиса карданду ШЕРОНИ РАВШАНЧОНРО нагузоштанд ки дар хузури президент камандаи писарашро голборон кунад РАВШАНЧОН гона ааст ва чемпиони Точикистон мешавад бечора истиклолак барои чомшуда дасисабози карда мегардад дар асл бозигарони ин даста футболбоз нестанд охир сари хар кадам ба дахан мезананд..... То замоне ин номардихо нисбати дастахои пуркуввати футбол раво дида мешавад футболи очик пш намеравад!!!!
Посух додан
  • Пурдил аз Гарм

  • 20 сентябр 2013 20:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй бародарони Кулоби ин бурди Шумо аст! Шармандахо намедонанд, ки шермардонро бо кадом рох «маглуб» кунанд! Бурд бурди шербачахои Кулоб аст! Мо шербачахои Раштонзамин бо Шумоем дар хама холат! Равшани Кулоб ба пеш!!!
Посух додан
  • мухочир

  • 20 сентябр 2013 22:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин нокасон ба бузурги ин мардуми Кулобзамин, ки доди Худост тан намедиханд ман шохиди се шикасти ин марудуми Худодо астам:
1.Дар санъат яку якбора баромадани хофизахои хушсадо монанди Манижа Давлатова Шабнами Сураё ва дигарон кучо шидан инхо....инхо рафтан дигараш омад.
2.дар Ислом Яке аз воизони рохи хак Пешвои чамъият ХОЧИ МИРЗО, ки дар як мудати кутох тавонист тамоми мардумро бо лафзи хушаш ва насихатхои ибратомезаш мусахар кард, ки хатто берун аз Точикистон хам обуру дошт.. ..кучо шуд ин марди бузург.... инам рафт ....... ва боз меояд Иншоаллох.....
3.Дар сохаи Варзиш ин чунин дорандаи медали биринчи Мавзуна Чориева , ки зодаи ин сарзамини Худод аст дар байни зиёда аз 200 давлати чахон обуруи Точикистонро бардошт
Яку якбора ном баровардани дастаи РАВШАНЧОН, ки ба ягон камнда муясар нашуда буд ин гуна мухлиси, ки мухлисон хато берун аз Точикистон барои дастгирии ин меоянд. ва мехоханд инро шикаст дихан лекин фикр мекунам ин маротибаи 3 юм бисёр лахзаи халкунанда ва хатои нобахшиданист. Баъди ин шояд Хукмати кунуни насиби ин мардуми Кулобзамин гардад, ки дигар инро ба чуз зоти пок касе шикаст дода наметавонад.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РАВШАН бех аз истиккол. Мекунад бозаи халол. Эй дастаи истиклол. Нахохи да майдон дирол. Ин ганбол нест футболай. Инчо Равшан королай. Шери майдонай равшан.
Посух додан
  • Аличон

  • 21 сентябр 2013 09:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоиб бесарусомони ва ноадолатии ФФТ нисбати як клуби мардуми РАВШАНи Кулоб! Аслан Равшан 3 бозингари то синни 19 сола дорад, ки ду нафари он айни хол дар Кувайт бо дастаи миллй карор доранд ва шарафи Точикистонро химоя доранд. Ягона бозингари 19 солаи мо Саидхони Амрохон дар кисми дуввуми бозй чарохат бардошт ва Равшан бо сабабхои маълум имкони бозингари дигарро даровардан надошю. баъди ичозати довар ба чои Саидхон бозингари дигар ба майдон омад. Яъне дар ин чо дидаву дониста Равашни Кулобро ба кавле "подставить" карданд. Бояд ФФТ ин холатро ба назар мегирифт . Мо хама мухлисони Равшан рози хастем. ки хама дар доираи конуни риоя шавад, аммо мутаасифона мушохида мегардад, ки сиёсати ФФТ хамеша манфиати як даста! ро химоя менамояд!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин хел дастури аблахона боз дар ягон кишвари дунё бошад, ки 19 соларо бояд 19-сола иваз намояду 20 соларо 20 сола?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!