Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Боздошти Ашӯрмаҳмад Миралиев, тоҷики 23-сола, дар Амрико

21 сентябр 2013, 10:50

Ашӯрмаҳмад Миралиев, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, дар робита ба қазияи паноҳандаи чечен Иброҳим Тодашев дар иёлати Флоридаи Амрико боздошт шудааст. Иброҳим Тодашев дӯсти Темирлан Тсарнаев (чечен), муттаҳам ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Бостони Амрико мебошад, ки зимни бозпурсӣ дар бораи ин қазия аз тарафи кормандони FBI ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико кушта шуда буд.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” ба нақл аз мақомоти пулиси иёлати Флорида навиштааст, Ашӯрмаҳмад Миралиев яке дӯстон ва ҳамхонаҳои Тодашев ба шумор меравад. Ба гуфтаи мақомоти пулиси Амрико, ҳангоми боздошт шудани Миралиев, бо ӯ як духтари 19-сола, ки аз ӯ Татяна Груздева ном гирифта мешавад, низ будааст. Пулиси Амрико мегӯяд, ин духтар яке аз дӯстдухтарон ва ҳамхонаҳои Тодашев мебошад, ки баъд аз марги ӯ бо Миралиев дар хонаи паноҳандаи чечен ба сар мебурдаанд.

Мақомоти пулиси Амрико гуфтаанд, боздошти Миралиев ба тафтишоти қазияи бомбгузорӣ дар шаҳри Бостон ҳеч рабте надорад.

Дар бомбгузории рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бостон ҳангоми дави марафонӣ, 3 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти амниятии Амрико дар ин ҳодиса ду бародари чечен – Темирлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳоро айбдор карданд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошти пулис ба ҳалокат расид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Собир

  • 21 сентябр 2013 14:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нахзатихо ин хела чиноятхоро пеш хам мекарданд, лекин хукумат чашм мепушид. Акнун ки сохторхои кудратй кор карда истодаанд, нахзатихоро намефорад. Мо дар давлати дунявии демократй ба сар мебарем, дустон!
Посух додан
  • Ориф

  • 21 сентябр 2013 20:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Собир,
Рост мегуи.Офарин бародар хайрият як нафари хакгу хам сайт мехондааст.
Посух додан
  • диловар

  • 23 сентябр 2013 09:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э рут сиех собир, да ин казия назхатихо чи дахл доран?,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!