Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

ҲДТ Ҷайчиева ва Назриевро аз Шӯрои сиёсияш берун кард

21 сентябр 2013, 11:31

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон Мамлакат Ҷайчиева, аз собиқадорони ҳизбро, ки то ин муддат муовини аввали раиси ҳизб буд, аз муовинатӣ ва, инчунин, Шӯрои сиёсӣ хориҷ кардааст.

ҲДТ бо пахши изҳороте гуфт, ин тасмим баъд аз Анҷумани ҳизб гирифта шуд, ки рӯзи 17-уми сентябр баргузор ва дар он Сайидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизб, номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд. Дар баробари Мамлакат Ҷайчиева, инчунин, Сайраҳмон Назриев аз узвияти Шӯрои сиёсии Ҳизби демократ берун карда шудааст.

Ҳизби демократ дар изҳороти худ ин тасмимашро шарҳ дода, гуфтааст, “17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Анҷумани 12-и ғайринавбатии ҳизб Мамлакат Ҷайчиева, собиқ муовини аввали раиси ҳизб ва Сайраҳмон Назриев, собиқ узви Шӯрои сиёсии ҲДТ дар ҳамҷоягӣ бо узви ҳизб Раҷаби Мирзо бо суханронӣ ва рафторҳои зидди барномавӣ ва рӯзномаи ҷаласа баромад карданд, ки боиси норизоияти вакилони Анҷуман шуд.” ҲДТ мегӯяд, қаблан Раҷаби Мирзо бо хоҳиши худаш аз узвияти Шӯрои сиёсӣ ва сухангӯи ҳизб озод шуда буд.

Мамлакат Ҷайчиева, ки аз моҳи даекабри соли гузашта инҷониб ба ҳайси муовини раиси ҲДТ фаъолият дошт, мегӯяд, дар ягон анҷумани ҳизб пешниҳодҳояш ба назар гирифта намешавад. Вай дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҳизб зидди барнома ва рӯзномаи ҷаласа баромада буд. Хонум Ҷайчиева дар ин анҷуман гуфта буд, “ҲДТ ҳоло мушкилоти дохилии худро ҳал накардааст ва дар интихобот ба мақоми президентӣ номзадии касеро пешбарӣ накунад. Бигзор аъзоро озод бимонад, ки онҳо дар интихобот ба касе, ки хоҳанд раъйи худро бидиҳанд.”

Ҳизби демократи Тоҷикистон пас аз боздошту маҳкумияти Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари собиқи ин ҳизб, дар соли 2005 ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Дар аввал ҷиноҳи расмии ҳизбро, ки Вазорати адлия эътироф кардааст, Масъуд Собиров ва ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро Раҳматулло Валиев раҳбарӣ мекаранд. Вале баъдан ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз “бозӣ” хориҷ шуду Ҳизби демократи расмӣ боқӣ монд, ки чанд сол Масъуд Собиров онро идора мекард. Дар авохири соли 2012 Сайидҷаъфар Исмонов бо баргузории анҷумане Масъуд Собировро аз раисии ин ҳизб барканор ва худ раҳбари он интихоб гардид, ки ҳоло номзад ба мақоми президентист.


Дар акс: Мамлакат Ҷайчиева (Акс аз "Озодӣ")


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!