Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:11

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барномаҳои худро дар Душанбе васеъ мекунад

21 сентябр 2013, 15:10

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Беш аз 200 хатмкунандаи Барномаи инсоншиносии Оғохон (БИО) ва маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе дар панҷумин маросими хатми таҳсил, ки 21-уми сентябр дар Маркази исмоилияи пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.


Ҳамчунин 50 донишҷӯи макотиби миёна ва донишгоҳҳо барои бомуваффақият хатм намудани курсҳои байнифании Барномаи инсоншиносӣ ба забони англисӣ соҳиби Шаҳодатнома шуданд. Зикр шуд, ин курсҳо риштаҳои мухталифи илмро, ки барои пайдо намудани фаҳмиш оид ба талаботи инсон ва ҷомеа, ки ақоиди гуногунандеширо тарвиҷ медиҳанд, меомузонанд.

Қайд гардид, ки 20 донишҷӯи дигари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соҳиби шаҳодатномаҳои касбии барномаҳои байналмилалӣ шуданд. Ин шаҳодатномаҳо имкон медиҳад, ҳамчун сармуҳосиб дар ташкилотҳои калон фаъолият кунанд. Барномаи технологияи муҳосибӣ дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тарҳрезӣ шуда, яке аз беҳтарин барномаҳои ин сатҳ дар Осиёи Миёна мебошад.

Ба 21 нафари дигар шаҳодатномаи хатми “Забони англисӣ барои коргузории расмӣ” дода шуд, ки аз рӯи барномаи таълимии дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида таълим гирифтаанд. Ҳамчунин 4 донишҷӯи дигар соҳиби шаҳодатномаи палатаи савдо ва саноати Лондон гардиданд.

Богдан Кравченко, мудири кулли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барномаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе нишонаи зарурати ҳузури ин донишгоҳ дар пойтахт ва масъулияти ҷавобгӯ будани он ба эҳтиёҷоти таҳсил дар ин ҷо мебошад: “Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ояндаи наздик барномаҳои худро дар шаҳри Душанбе васеътар менамояд”.

Ҷаноби Богдан Кравченко мегӯяд, дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ нафарони зиёде новобаста аз сину сол ба таълим фаро гирифта мешаванд. Вай гуфт: ”Ҳастанд нафароне, ки ин ё он донишгоҳро хатм кардаанду ҷои кор пайдо карда наметавонанд ва ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омада як муддати кӯтоҳ таълим мегиранд. Ин имконият пайдо шудани ҷои кори мувофиқро барояшон зиёдтар мекунад”.

Меҳриддин Гулямов, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи милли Тоҷикистон, ки 4 моҳ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ забони англисиро омӯхтааст, мегӯяд методи дарсгуии ин муасисаи таълимӣ барояш писанд омад ва тавонист, дар як муддати кӯтоҳ забони англисиро азбар кунад: “Ин ҷо методии дарсии омӯзгорон беҳтар аз методи дарсии донишгоҳ аст чаро, ки дар донишгоҳ дарс англисӣ асту муаллим бо забони тоҷикӣ дарс мегӯяд. Дар ин ҷо чунин нест, дар дарсҳои англисӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ҳарф задан қатъиян манъ аст. Дар чунин шакл сурат гирифтани дарсҳо донишҷӯ ба худ чизе гирифта метавонад. Яъне маҷбур мешавад, ки бо англисӣ ҳарф занад ва бо ҳамин одат мекунаду забонро аз худ мекунад”.

Зубайд ном як шаҳрванди Афғонистон, ки фориғутаҳсили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аст, мегӯяд бо сабаи нооромиҳои Афғонистон донишгоҳро хатм накарда, кишварашро тарк намуд. “Ман ду сол қабл дар Афғонистон таҳсилкунандаи донишгоҳ будам. Бо сабаби нооромии вазъ кишварро тарк кардам ва феълан дар Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷир ба сар мебарам. Барои ман фарқ намекунад, ки ба ман диплом медиҳанд ё шаҳодатнома. Муҳим ин ки ин ҷо чизе омухтам”,-афзуд ӯ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин. Дар як сол таълими ин Донишгох баробари тадриси панчсолаи дилхох институту универи Точикистон аст. Офарин ба химмати Огохони 4
Посух додан
  • Муродова ф

  • 2 декабр 2016 10:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом.ман мехохам пурсам чанд вакт бояд хонем ва ба ягон давлати хорича равно мекунанд...вакти хондан чанд кадар давом мекунад..чавобашро нависед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!