Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Бозпурсии 12-соатаи Шерзамонов дар Кумитаи амният

23 сентябр 2013, 08:34

Алим Шерзамонов, раиси бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Ватан бозгашт, 21-уми сентябр дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Дар ин бора худи Алим Шерзамонов дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст, ки бозпурсӣ 12 соат давом доштааст. Шерзамонов мегӯяд, маъмурини амнияти миллии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки аз ин бозпурсӣ хабаре паҳн нашавад, вале Шерзамонов ин таъкиди мақомотро сарфи назар карда, аз ин бозпурсӣ дар шабакаи иҷтимоӣ хабар додааст.

Алим Шерзамонов, шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Ватан бозгашта дар фурудгоҳ ба далели камбуди аснодаш барои бештар аз як соат мавриди тафтиш қарор гирифт, аммо баъдан озод шуда, ба берун баромад.

Оқои Шерзамонов то ин муддат дар Русия ба сар мебурд ва борҳо алайҳи амалкардҳои ҳукумат тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод кардааст. Худи ӯ дар лаҳзаҳои аввали берун омаданаш аз фурудгоҳ гуфт, ба шарофати ҳузури хабарнигорон аз боздошти нерӯҳои амниятӣ халос шудааст.

Шерзамонов гуфт, қабл аз омаданаш хуб медонист, ки номи ӯ дар ягон рӯйхати расмии мақомот нест ва мавриди пайгард ҳам қарор надорад. “Аммо ҳангоми аз марз гузаштан эҳсос кардам, ки номи ман дар кадом рӯйхате дар компютери фурудгоҳ сабт ёфтааст ва эҳтимоли боздоштам зиёд буд. Аммо кадоме ба онҳо занг зада гуфт, ки дар берун хабарнигорон ҷамъ шудаанд ва барои ҳамин маро “тафтиш” карданду раҳо намуданд”,-гуфт Шерзамонов. Вай афзуд, бо ин ҳол кафолат дода наметавонад, ки ӯро дар ягон кӯча ва ё паскӯчае боздошт намекунанд.

Ба истиқболи Алим Шерзамонов наздикону дӯстон ва як гуруҳ хабарнигорон ба фурудгоҳ рафта буданд. Оқои Шерзамонов гуфт, бисёриҳо қабл аз омаданаш ба Тоҷикистон низ ба ӯ маслиҳат дода буданд, ки то поёни маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр аз сафар худдорӣ варзад. Вале Алим Шерзамонов мегӯяд, дилаш ба ёди Ватан ҳар лаҳза гум мезад ва мехоҳад дар ҷараёни маъракаи муҳим, яъне интихобот, ҳамроҳи мардум бошад, на берун аз кишвар.

Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз мунтақидони баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон буд ва моҳи июли соли ҷорӣ пешниҳод кард, ки ёдбуди қурбониёни ин амалиёт баргузор шавад.

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Лочин

  • 23 сентябр 2013 10:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Озодагон ва Алим Шерназаров!!
Ачаб давру замонхо шуд. Ба макомоти кудрати эрод меоред, ки чаро шахрвандро бозпурси карданд. Шумо кори дигар надораед. Махщ хамин макомоти кудрати хаст, ки ду болишти пари куро болои хам мондан модда шудааст. Агар як мох онхо бепарвои кунанд, бубинед ин гарданшаххову худпарастхо ба чи кор кодиранд. Хай бозпурси карданд баъд чи? Шумо парашут -кати аз осмон нафуромадаед-ку.
Посух додан
  • КОМРОНШО, ВАНЧ

  • 23 сентябр 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КОРМАНДОНИ МУХТАРАМИ АМНИЯТИ МИЛЛИ ЧАРО ВАКТИ КИММАТИ ХУДРО БА ИН АФРОДИ НАШИНОХТАВУ НАПАЗИРУФТАИ ЧАМЪИЯТ САРФА МЕКУНЕД ИН ГУНА ШАХСХО ШАХСИЯТ НЕСТАНД БАЛКИ УСУТХОНЕ ДАР ГУЛУИ МАРДУМОНАШОНАНД. АКИДАХОИ ИНХО ХАМА ПУЧУ БЕМАЪНИ ВА ВУЧУДАШОН АЗ КИНАВУ АДОВАТ СИРИШТА АСТ ОМАДИ ОМАДАН ГИР ВА ДАР РОХИ ХУДАТ РАВ ШУКРОНАИ ТИНЧИ ВА АМОНИИ ВАТАН КУН. АГАР ДАВРАИ ШУРАВИ МЕБУД АЗ БЕРОХИ БАЪДИ ШАШ МОХ БА ДУШАНБЕ МЕРАСИДИ ВА БАЪД БО МАСКАВ МЕРАФТИ ХОЛО ШУКРОНАИ РОХХОИ СОХАГИИ РАХМОН НАМЕКУНИ КИ ИМРУЗ АЗ ДУШАНБЕ МЕХЕЗИ БЕГОХ ДАР БАДАХШОН АСТИ НАМАКДОНРО ТУФ НАКУНЕД !!!
Посух додан
  • Ачоиб

  • 23 сентябр 2013 14:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахсе, ки ин кадар дуругро гуфт, ва ваъда дод, ки агар дуруг хаст суханхояш ба хар калимаи гуфтааш чавоб мегуяд, бояд бозпурси нашавад? Хамин набуд, ки гуфт Точикистон боз замин ба Хитой дод, аммо ин суханхояшро хам Зойиров рад кард ва хам дигар нафарони расми ва гайрирасми? Кучост чавобаш? Хамин набуд, ки аз Москва шишта одамонро мешуронд? Чавоб гуяд. Ба ман бошад бояд аз руи конунхои амалкунанда барои ин гуна рафтораш чавоб гуяд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!