Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:08

Занги як муҳоҷири тоҷик аз Сухумӣ: “Илтимос, маро озод кунед!”

23 сентябр 2013, 09:14

Шамсидин Давлатов, як муҳоҷири тоҷик, аз моҳи августи соли гузашта то кунун дар марзи миёни Русияву Абхозистон дармонда, мегӯяд, ба фарёдаш фарёдрасе пайдо накардааст. Вай баъд аз 3 моҳи ҳаққи будубош дар Русия, барои қонунӣ кардани будубоши минбаъдааш аз марзи Абхозистон гузаштааст.

“Дар марзи Абхозистон гуфтанд, ки ба хотири вайрон намудани низоми шиноснома наметавонам дубора ба Русия баргардам”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо мегӯяд, дар тӯли як соли охир барои раҳоияш аз банди марзбонҳои Абхозистон ба чанд ҷой муроҷиат карда ва дар ҷавоб ин ҷумлаҳоро шунидааст: “То намояндагони Шумо ба мо муроҷиат накунанд, ягон кор карда наметавонем.” Баъд аз ин, мегӯяд Шамсиддин Давлатов, борҳо ба консулгарии Тоҷикистон тамос гирифта ва онҳо гуфтаанд, номаву санадҳои заруриро фиристодаанд. “Мегӯянд, ки дигар ба мо занг назан, ҷавобаш, ки омад, худамон ба Шумо занг мезанем”,-гуфт Давлатов.

Дар робита ба ин қазия як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар садади таъмини шароит барои ба Русия бозгаштани Давлатов ҳастанд. “Дар ҳақиқат, Шамсиддин ба мо чанд бор муроҷиат кардааст. Дар баробари ӯ, нафарони зиёди дигар, ки бо ҳамин мушкил рӯбарӯ ҳастанд, ба мо муроҷиат ва хоҳиши кумак намудаанд. Дар навбати худ, мо ба Вазорати умури хориҷии Русия барои мусоидат ба ҳалли мушкил муроҷиат намудем. Алҳол, ин ниҳод омода аст барои шаҳрвандони Тоҷикистон долон (коридор) барои гузаштан аз марз пешниҳод намояд. Аммо, барои ин, нафарони дар Абхозистон дармонда бояд тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро, аз қабили чипта, корти муҳоҷират ва шиноснома дошта бошанд. Мутаассифона, на ҳама муроҷиаткардагон ҳамаи ин санадҳоро доранд. Баъзеҳо ҳатто шиносномаҳояшонро гум кардаанд”,-гуфт мусоҳиби мо аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Вай дар идома афзуд, “барои ҳар нафари алоҳида тамоми равандҳои дипломатиро барои муҳайё намудани гузаргоҳ мушкил аст ва ба ҳамин хотир, намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Русия дар баробари омода шудани ҳуҷҷатҳои муроҷиаткардагон, ба таври гуруҳӣ, барои ҳалли мушкилашон мусоидат менамоянд.”

Ин бори аввал нест, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар марзи миёни Русиву Абхозистон дармонда, ба мушкил рӯбарӯ мешаванд. Аксари ин муҳоҷирон мехоҳанд, дар се моҳ як бор марзи Русияро гузашта, ба Абхозистон раванду дубора ба ин кишвар омада, ба корашон идома диҳанд. Вале дар банди марзбонҳо меафтанд. Қаблан, сафорати Тоҷикистон бо интишори номае аз муҳоҷирон хоста буд, аз рафтан ба Абхозистон худдорӣ кунанд. Чун Тоҷикистон дар ин кишвар намояндагии дипломатӣ надорад ва берун овардани онҳо танҳо бо мусоидати Русия имконпазир хоҳад шуд, ки кори осоне нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Кулоби

  • 23 сентябр 2013 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй хамватанони бе пушту панохам ба шумо гуфтаниам, ки ба умеди хукумати ЧТ ва сафорату консулхои он нашавед. Чихеле, ки дар ёдатон бошад чавони точик бо номи Аслишо гуфтабуд, ки аз кабули ЧО дида кабули Путин осонтар будааст. Аз ин лихоз гуфтаниам, ки ба умеди хукумати ЧО ва сафоратхои кисагии у нашуда ба Путинчон мурочиат намоед то, ки мушкилотатон хали худро ёбад.
Посух додан
  • мухочир

  • 23 сентябр 2013 15:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташакур ба Шумо ОЗОДАГОН ки ин мавзуъро бардоштед. Рсти ман хам аз Россия як баромадаму даромадан 1000 долар бо консули Точикистон як нафарашба ваъда додам баъд ёрдамам карда маро бароварданд. Дар хар тарафи кунчи Россия чунин бачахо ЗАНХОИ ТОЧИК бисёранд ва мухточи ёрианд. Ба додашон кам мерасанд. Парвардигор хамаи мардуми точика сарчам намояд ОМИН.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чихеле россия одамаша намемонадки дар дигар давлат зиндон ё инки азоб диханд пуст точикистонам ёрдам кунад халкба онхо бечорахо дар дигар давлатанд дастиёри дихед абезательно. хар мох 10 то тобут мебаранд ба точикистон инаша ки зашишат мекунад мардуми моя

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!