Бахшҳо

Даъвати Эшони Маҳмудҷон барои таҳрими нашрияҳое, ки...

Эшони Маҳмудҷон, яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, фурӯш ва харидории рӯзномаҳоеро, ки матолиби иғвоангез ва зидди аҳкоми шариат нашр мекунанд, аз нигоҳи Ислом ҳаром хондааст.

Ин рӯҳонии тоҷик дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, гуфтааст, нашр кардани ин гуна мақолаҳои хилофи шаръӣ ва иғвоангез дар ҳафтаномаҳои худ ва инчунин фурӯхтан ва харидани ингуна мақолаҳо ҳаром мебошад.

Эшони Маҳмудҷон аз корбарони ин торнамо даъват кардааст, аз харидорӣ ва хондани чунин нашрияҳое, ки хилофи қавонини исломӣ матолиб нашр мекунанд, худдорӣ намуда, онҳоро таҳрим кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, харидорӣ ва фурӯшу нашри ингуна мақолаҳо кумаке дар роҳи гуноҳ аст, ки ин амал ҳаром мебошад: “Худованд дар Қуръон мегӯяд: “Якдигарро бар гуноҳу ситамкорӣ кумак накунед.”

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар бархе аз нашрияҳои кишвар матолибе дар бораи ҳиҷобу рӯсарӣ ба нашр расида, фарзияти ба бар намудани онро аз нигоҳи Ислом зери суол қарор додаанд. Ҳафтаи гузашта нашрияи “Тоҷикистон” матлаберо бо номи “Сатрдорони майхора” нашр кард, ки бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, аксари корбарони Фейсбук онро ба баҳс кашида, норизоияташон ин матлабро баён доштанд. Аммо Эшони Маҳмудҷон дар ин посухи худ аз ҳеч нашрияе ном нагирифтааст.
Мӯҳр
КОДИР
БАЛЕ ДАРХАКИКАТ ИМРУЗ АЗ ТАРАФИ БАЪЗЕ ШАХСОНИ НОМУСУЛМОН СУХАНХОИ НОЧО АЛАЙХИ ИСЛОМ ГУФТА МЕШАВАД АММО ХУКУМАТДОРОНИ МО КИ ДАЪВОИ МУСАЛМОНИ МЕКУНАНД ХЕЧ СУХАНЕ НАМЕГУЯНД ХАТТО АЗ ТАРАФИ ШУРОИ УЛЛАМО ВА РАИСИ ОН ЯГОН ВОКУНИШЕ НЕСТ

БОЯД КАЙД КАРД КИ ДАР ХАКИКАТАН ОИЛАИ ТУРАЧОНЗОДАХО АЗ ИСЛОМУ МУСАЛМОНХО ДИФОЪ МЕКУНАНД БАРО ХАМИН ДАР ЧОМЕА СОХИБИ ХУРМАТ ХАСТАНД БИНЕД МАЪРУФТАРИН ДОМУЛЛОИ ТОЧИКИСТОН ИН НУРИДДИНИ ТУРАЧОНЗОДА АСТ БАРОИ ЧИ БАРОИ ОН КИ ГАМИ ДИНРО МЕХУРАД

Хак бар чонибат эшон онхое ки исломро хор мекунанд Худованд хорашон гардонад амин!!!!

мусалмон
Худованд хамаи воиззои ин дини мукадаси исломро дар панохат нигахдор худованд. Душманонатонро халок гардонад омин омин

Асаламу алайкум ва рахматуллох Худованд худ медонад ки дар дил чи накша дорад инхо хукуматдорон Дар чои ба пеш кадам ниханд бар акс аз ободи бар гумрохи мекашанд дар бораи хичоб инкадар бахс мекунанд агар онхо зарае имо дошта бошанд бояд донанд ки ин хукми Худост бад хичоб сабаби пешрафт аст агар хичоб пешрафта набошад чаро дар авал одамхо мисли хайвон луч буданд таракиёт ислом омад онхо сохиби либос шуданд. Он касонеки мехоханд духтари точик бояд мисли рус хо пушанд Валлохи касам ингуна мусальмон душмани фарзанду зани худаш аст. Магар дар чои шарму хаё дар чои одобу ахлок мехохан мислеки имруз 23 феврал дар барномаи (пуск говорять) се мардакро даст гир карданд ба хотиреки бо духтари 4 сола расидаанд се нафар бояк 4 сола духтар. Инхо мехоханд мо чавонон мисли хамин хайвонхо пеш равем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)