Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:19

Қурби асъори миллӣ устувор аст?

11 май 2011, 05:13

Бонки Миллии Тоҷикистон қарореро ба тасвиб расонидааст, ки дар бозори арз қурби асъори миллиро нигоҳ хоҳад дошт.

Бино ба қавли Шариф Рахимзода, роҳбари ин ниҳод, ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ ба ин мақсад ҷудо гардида, феълан ба нуқтаҳои фурӯш ва табдили арз ироа шудааст. Ҳадафи аслии ин иқдомро масъулини Бонки Миллӣ устувор нигох доштани қурби сомонӣ нисбати доллар арзёбӣ мекунанд. Бо супориши Раҳимзода арзи амрикоии ҷудошуда, бояд бо қурби як доллар баробари 4,64 сомони фӯрухта шавад. Айни ҳол қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе барои харид 4,63 сомони ва барои фӯруш 4,65 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи аввалҳои ҳафтаи гузашта 10 - 12 сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, қурби расмии асъор, ки сомонаи www.bmt.tj интишор кардааст, муодили 1 доллар ба 4, 50 сомониро нишон медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!