Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:28

Корхонаҳои Хуҷанд ба миқдори 154, 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

27 июл 2011, 06:20

Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд тайи шаш моҳи соли равон ба маблағи умумии 154,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин дар қиёс  ба ҳамин давраи соли гузашта 19,6 фоиз зиёд мебошад.


Тарве ба  «Озодагон» дар шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати  шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҶДММ «Атласи Хуҷанд», ки дар вилояти Суғд ягона корхонаи истеҳсолкунандаи матои абрешим мебошад, нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум 2,2 баробар афзоиш дод.Корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва «Сатн» бошанд, азхудкунии технологияҳои нави муосирро ба роҳ мондаанд. Аз 46 корхонаҳои соҳаи саноат  35 муассиса ба сатҳи нишондиҳандаҳои соли гузашта расиданд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карданд.  
9 корхона, ки дар байнашон чунин идораҳо, ба монанди ҶДММ «Сано», «Алмоси Хуҷанд», «Текстилимпекс», «Дӯстӣ–Амирхон», ҳамчунин  корхонаи муштараки навтаъсиси «Нику-Хуҷанд» ҳастанд, дар истеҳсоли маҳсулот ба сатҳи ҳамин давраи порсола расида натавонистанд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашудаи ин корхонаҳо 1,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. «2 корхонаи саноатӣ давоми нимсолаи якум тамоман фаъолият  накарданд ва маҳсулот набароварданд»-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!