Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

(ВИДЕО) Наврасони тоҷик бо ҳиндуҳо мусовӣ карда, бо Лубнон сабқат мекунанд

23 сентябр 2013, 10:22

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), имрӯз 23-юми сентябр, дар бозии дуюми Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон бо якачини наврасони Лубнон ба сабқат мебароянд.

Бозиҳои гуруҳи “А”-и Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Қувайт ҷараён дорад, ки ба ин гуруҳ дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан шомиланд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозии худро дар ин мусобиқот бо дастаи наврасони Ҳиндустон мусовӣ 1:1 анҷом доданд.

Ин бозӣ рӯзи 21-уми сентябр, дар варзишгоҳи “Али Сабоҳ Ал-Салим”-и Қувейт баргузор гардид. Кароматулло Саидов дар дақиқаи 36-уми бозӣ тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ворид намуда ҳисобро кушод. Голи ҷавобии наврасони ҳиндустониро Просенҷит Чакрабортӣ, дар дақиқаи 57-уми нимаи дуюми сабқат аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид. Ин бозиро Абдулбоқи Яқуб (Оман) доварӣ кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобӣ, боз бо якачини наврасони Кувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ роҳбарӣ мекунад.

Дар бозии дигари мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гуруҳи “А” футболбозони навраси Бутан бо ҳисоби 4:2 бар Лубнон пирӯз шуданд.

Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.


Бозии Тоҷикистону Ҳиндустон






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!