Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:05

Номаи хонандагони мо ба Кумисюни марказии интихобот

23 сентябр 2013, 10:24

Як гурӯҳ хонандагони мо аз шаҳри Свердловски Русия нома навиштаву хостаанд, Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон барои овоздиҳии онҳо шароит фароҳам биёварад. Агар Шумо ҳам ҳарфе барои гуфтан доред, лутфан ба мо фиристед: ozodagonweb@gmail.com


“Аз кормандони сомона хоҳиш менамоям, ин номаро нашр намуда, ҳамзамон ба Кумитаи марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) расонед.

Мо як гуруҳ муҳоҷирони вилояти Свердловски Русия ба манзуратон мерасонем, ки дар ин вилоят шумораи муҳоҷирони тоҷик хеле зиёд аст ва аз ин лиҳоз, он як участкаи интихоботие, ки дар шаҳри Екатеринбург пешбинӣ шудааст, барои овоздиҳии муҳоҷирон кифоя намекунад.

Зеро на ҳама муҳоҷирон дар ин шаҳр мебошанд ё ин ки на ҳамаи онҳо имконияти ба онҷо рафтанро доранд. Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш мекунам, барои интихобкунандагон, бахусус муҳоҷирон тамоми шароити овоздиҳиро муҳайё кунед, то ҳамагон тавонанд овози худро барои ояндаи миллати худ бидиҳанд.

Агар пешниҳоди мо қабул нест ё имкон надорад, пас, иҷоза диҳед, мо шахсони бовариноки худро, ки дар ватани азизамон зиндагӣ доранд ва шароити хубтарро барои овоздиҳӣ доро мебошанд, ҳамчун шахси боваринокамон ба ҷои мо овоз диханд. Ё ин ки бо ҳамкории Маркази интихоботии Русия дар ҳама шаҳрҳое, ки шумораи тоҷикон аз 500 нафар боло аст, участкаи интихоботӣ кушода, барои иштироки ҳамаи онҳо дар интихоботи президентӣ шароити мусоид фароҳам созед.

Барои мисол дар маҳаллаи Таватуй, ноҳияи Невянски Русия, зиёда аз 200 муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад, дар худи Невянск тахминан 7000 муҳоҷири тоҷик аст. Мо ҳама имконияти ба шаҳри Екатеринбург рафтанро надорем. Зеро агар як рӯз дар ҷои кор ҳузур надошта бошем, аз маош ё ҷои кор маҳрум мешавем.

Як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик аз Свердловск


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Макнои ин нома хизби Нахзат кирбири ба абдукаюзод
Посух додан
  • tojik

  • 23 сентябр 2013 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
yak maktubi digar navised ki mo hama ba emomali rahmon ovoz medihem.maktubro ba konsul supored.xalos olam guliston.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман чунин пешниход дорам!, танхо ба хотири ояндаи дурахшони худ ва фарзандон, ободии давлату миллат як мохи хаёту дороии худро бубахшеду ба ватан баргардеду дар интихобот дар худи Точикистон ширкат варзед. Ризк диханда Парваридгораст, У гайюр хасту гайюрхоро дуст медорад. У рахимаст, У каххораст!!! Хануз дар чормохагиамон (дар батни модар) насибаву такдири моро ба мо додааст. овора набошед. Ба чуз Мо Точикистонро касе обод намекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,
Аммо мутаъсифона бародар, дигар ҳеҷ кас чунин намекунад!!!
Посух додан
  • Беном

  • 23 сентябр 2013 20:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам ба пешниходи бародар Хушбахт розиям.Шояд як овози Шумо ба ватани азизамон ягон дигаргуние меорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!