Бахшҳо

Оё фарзандони Зевар Давлатова ва Асадулло Раҳмонов ҳам “қиссаи таҷовуз”-ро тамошо карданд?

Бо намоиш додани филми «Пойбанди нафрат» аз сӯи муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон – “Баҳористон” Зевар Давлатова ҳамчун журналисти касбӣ назди ман арзишашро гум кард. Ӯро дигар ҳамчун бонуи зебо ва зебоипараст ҳам намешиносам.


Ҳеч журналисти касбӣ ва ҳеч бонуи зебову зебоипараст дар ҳеч шароите розӣ намешавад, чунин филм аз тариқи телевизиони кӯдаконае, ки раҳбарияшро бар уҳда дорад, пахш шавад.

Филми «Пойбанди нафрат»-ро нахуст шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр намоиш дод. Он дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад.

Дар ин филм Сомон Муҳаббатов худро узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд. Дар ҳоле ки Муҳаббатов дар навори телевизионӣ суҳбат мекард, бархе аз устодонашро низ дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд.

Сомон Муҳаббатов дар лаҳзаҳои охири филм дар ҳоле ки аз кардаҳояш изҳори пушаймонӣ мекарду аз сокинон маъзарат мехост, гуфт, ин ҷиноятро дар пайи танқидҳои масъулони ҲНИТ алайҳи сиёсати ҳукумати кунунӣ содир кардааст. Вай афзуд, бовар дошт, ин ҷинояти содиркардааш нокушуда боқӣ мемонаду мақомот дар назди ҷомеа "шарманда" мешавад, аммо ин ҷиноят дарҳол ошкор шудааст.

Худсафедкуниҳои ҷонибдорони Зевар Давлатова, ки шояд мегӯянд, «ӯ ба ҷуз итоати фармони «боло» чорае надорад», беарзишанд. Барои одами ҳирфаӣ ҳеч фармони «боло»-ву «поён» асар намекунад, вақте сухан дар мавриди иффати онҳое меравад, ки ба ту бовар доранд. Зевар ҳамчун нафари ҳирфаӣ қаблтар аз ҳама бояд фикри тамоми кӯдакону наврасон ва волидонеро мекард, ки фарзандонашон ба ӯ бовар намудаву «Баҳористон»-ро тамошо мекунанд. Зимнан, оё фарзандони Зевар Давлатова, Асадулло Раҳмонов ва дигар масъулин барномаеро, ки дар мавриди таҷовуз ба номуси писарон нақл мешавад, тамошо карда бошанд? Оё ин афрод ба фарзандонашон иҷоза медиҳанд, ки чунин барномаҳоро бубинанд?

Гузашта аз ин «Баҳористон» телевизионест, ки аввалтар аз ҳама барои кӯдакон таъсис ёфтааст. Дар чунин шабака пахш гардидани барномаҳои ҳизби наҳзатбадбинӣ оё аз рӯи инсоф аст? Чаро мехоҳанд, кӯдаки бечора дар ин синну сол ба сиёсатҳо омехта шаванд? Дар мавриди пахш намудани суханрониҳои президент, гузоришҳо аз сафарҳои ӯ ба минтақа ва хориҷ, маҷлисҳои ҳукуматро, ки дар баробари се шабакаи давлатӣ, «Баҳористон» ҳам намоиш медиҳад, эътирозе надорем. Аммо намоиш додани барномаҳое ба монанди «Пойбанди нафрат» чӣ маънӣ дорад?

P.S. Телевизионҳои Русия қабл аз пахши ҳар барнома ишорае доранд, ки маълум мекунад ин барнома барои кадом синну сол пешбинӣ шудааст. Масалан «0+» барои ҳама, «16+» барои аз 16-солаҳо боло ва ғайра. «Баҳористон» ҳам бояд қабл аз он ки ин барномаро намоиш диҳад, бояд ҳадди аққал қаблан менавишт, ки он танҳо барои наврасон аст. Ҳарчанд тамошои ин барнома барои наврасон қобили қабул нест.

НӮФАРН-4,
барои "Озодагон"
Мӯҳр
Ачаб гапе мезани Озодагон. Ту бовар дори ки хукумати мо ва сохторхои амниятии он дар бораи Зевар Давлатова ягон "парвандаи махсус", ки аз хаёти шахсии у ва наздиконаш хикоят кунад надошта бошанд? Ман хам ба чои Зевар мебудам нишон медодам. Нишон надихаду рузаша бина.

хайфам меояд ба чунин сиёсат ва ходими. филми "Рудаки", ки ин бегох намоиш дода буд, хеле пандомуз буд, барои хокимону ахли чомеъа.

Хар, ки номухт аз гузашти рузгор,
Низ номузад зи хеч омузгор.

Рост гуфтед, дусти азиз! Вокеан хам тамошои чунин филм барои тамошобинони шабакаи ТВ "Бахористон" лозим набуд ва умуман лоакал мухаррирони дигар шабакахо аз этикаи журналистиву инсони ба ёд оварда лахзахои нишон додани часади кудаки 8 соларо намоиш намедоданд. Ин вахшоният аст ва котил бояд чавоб бидихад. Барои хонаводаи мархум сабри чамил хохонам.

Ман 100 фоиз бо муалиф рози мебошам. Ин як дахшат аст. Калонсолон ттамошо карда натавонистанд аз тифлон чи умед. Умуман бояд аз ин шабака ин наворхоро надиханд. Падару модарон бояд ба суд мурочиат кунанд.

Журналист
Ино этикаи касбии журналистикаро "бомба" мефахманд. Хаёл мекунанд, ки бо ин гуна филмхои нанговарашон номи нахзата паст мезананд, вале афсус, ки дар асл номи исломро дар назди намояндагони дигар динхо ва номи точикро паст зада истодаанд. Эй масъулин оё боре фикр кардед, ки ин разилон миссёнери кадом динну мазхабанд? Худро мусалмон медонед а? Хамин корро худатон мекунед? Агар не пас фикр кунед, ки хеч як мусалмон ин корро намекунад. Хайф бар мо ки 1310-солагии Имоми Аъзамро чашн гирифтем. Мусалмонии моро дар назди дигарон (хоричиён) бо чунин симо намоиш надихед. ОЗОДАГОН озод бош пурра нашр кун. Чанд маротиба навиштахоямро нашр накарди. Ту хам дар гами ин миллат нести магар?

Ужас дар ин ТВ ки аз андози халк фаъолият мекунад чихое ки намоиш намедиханд филмхое ки хатто калонсолон дахл дорад хаст.Охир дар ин тв ба чуз аз мултику филмхои бачагона чизи дигар бояд набошад.Гуфтори барандагон низ хуб нест гапзаниашон кучаги метовад.

Чаноби Икс
Хак ба чониби муаллиф ва хам Озодагон. Э Худооо ягон одами камтар басаводро намебинам дар ин хукумат...То ин дарача беаклиро бинед-а..Барои кудак чихоро намоиш медиханд....

Должна же быть какая-то самоцензура?
Как долго это может продолжаться?
Даже американцы доперли что дело в насилии в СМИ, когда дети у них начали стрелять в школах
Лично для меня в этом сюжете было страшно унижение.
Где же ваш профессионализм? вы изучали психологию личности?
Я всегда считала, что на телевидении должны работать люди которые любят свой народ. А не те, которые работают на политику. Причем, здесь ИНИТ. даже среди вас на телевидении работают люди с нарушением психики.Стоило бы вам сходить к профессиональному психологу.

Хайитали, аз Зевар ягон кас намепурсад, ки тарики бахористон намоиш дихем ё не. Проста як руз мебинад, ки ба чои барномахои Бахористон каналаш чизи дигара нишон додестаст. Так что айбдоркунихои муаллифи макола бехудаанд.

Умед
Намоиши ин филм барои кудакон Дахшат аст. Муаллиф хак аст.

Бародарон хамин Сомон (Кахрамони кунунии барномахои ТВ-хои давлати)-ро ман хубтар мешиносам. У низ мисли мо дар хобгохи №6-и ДМТ зиндаги мекард ва хамон вакт бисёр миш-мишхо миёни донишчуён сар мезаданд ки, дар вакташ акаи хамон чабрдида (Киёмиддин Абдусаломов) ба номуси Сомон дастдарози карда будааст.
Ва боз ду сол пеш ДМТ хамсинфи Сомон Фаррухро барои узви Хизби Нахзати Исломии Точикистон (ХНИТ) буданаш, сарфи назар аз дониши хубу рафтори намунави миёни шарикдарсон доштанаш аз сафи донишчуён ихроч карда буд, ки махз туфайли хами Сонон донишгох аз узви ХНИТ будани Фарух огох шуда буд. Вале хич намефахмам ки чаро имруз худи Сомон боз худро узви ХНИТ хондаву ин хизб ва кормандонашро бадном мекунад, аммо касе аз донишчуи ДМТ будани он ном намебарад.

Хайрандеш
Бехтараш номи шабакаро ба Дахшатистон иваз кунанд, зеро аксари он барномахое, ки пахш мешаванд, дахшатанд.

Ман тарафдори назатихо харгиз набудам ва нестам ва шахсан ин куштори вахшиёнаро махкум мекунам. Аз худо ягона талаб дорам ки ин котилро (новобаста аз мансубияташ ба ин ё он гурухи сиёси-дини) чазои сахтаррин дихад. Наход, ки марги кудаки 8-соларо сохторхои давлат бо максадхои ифлоси сиёси-пеш аз интихоботи истифода баранд? Пас фарк байни хамон котил ва сохторхои хукумативу журналистони бе инсоф дар чист??? Фикри мекнам ки на танхо котил, балки он шахсоне, ки ба пахши ин барнома дар шабакахои давлати рох доданд, низ ба чавобгари кашида шаванд.

Рости аз тамошои ин барнома нафрати кас меояд. Пас аз тамошои ин барнома хар як фарди чомеаро аз фарзанду ояндаи фарзандаш хавотир месозад. наход як барномаро 3 руз паи хам тарики шабакахои телевизиони нишон диханд. Барои чунин барномахоро нишон додан аввалан бояд хазорон бор окибаташро фикр кунанд, ки оё пас аз пахши барнома чи фикрхое меояд ба сари мардум. ин наворро тамоми мардуми Точикистон аз кудаки хурдсол то пири барчомондааш тамошо карданд ва тарики телефон боз ба як дигар занг зада навори ки филми "Пойбанди нафрат"-аш ном карданд, тамошо карди ё телевизора фолон шабакара мон нишон додестай. бо нишон додани ин филм чиро ба мардум расонидан мехостанд? ба фикри ман ин филм ба дигар тарз боят тарики барномаи изтироб ё набз-и Вазорати корхои дохили нишон дода мешуд. ин навор ба дили хар як фарди чомеа ки пайрави дини мубини исломаст шубхаро меорад, як фардро аз фарди дигари чомеа хавотир месозад. Бори дигар ба кормандони телевизионхо расонидани хастам, ки барои чалби тамошобин ба шабакахои худ аввал бояд барномахои чолиб натёр намуд, на ин ки бо пахш намудани барномахои фахшиёна. Камбудихои чомеа бисёранд онхоро бояд гуфт тарики телевизион.

Султон Махмуд
Ман хам пештар ба "Озодагон" эътимод доштам, акнун бошад, боварии ман аз байн рафт. Сабаб он аст, ки чунин навиштаи бемантикро дар сахифааш чой додааст. Аз чониби дигар, магар "Озодагон" худ дар эфир надидааст, ки кудаки бегунох Киёмидин Абдусаломовро котил Сомон на 8 кордча, балки 10-15 корд, на ба кафаси сина, балки ба пушташ задааст. Муаллифи беному сохиби исми мустаъор иборахои "кордча"-ю "корд", "кафаси сина"-ю "пушт"-ро аз хам фарк карда натавониста, боз бо даъвохои беасосу гаразнокаш фарзандони Зевару Асадуллоро ба миён кашидааст. Бале, "Бахористон" ТВ кудакону наврасон аст. Аммо Киёмиддини ноболиг хам хамаги 8-сол дошт, аз зиндаги умеду орзую зиёд дошт, вале Сомон барин бехудоён уро куштанд. Чи алам мекунад, ба шумо? Оне ки Сомон худашро аъзои ХНИТ гуфтааст? Ё кору кирдори зишти муллохо, ки уро тачовуз кардаанд? Бигзор, чомеа бинад, бахо дихад. Пойро бо Русия баробар кардан даркор нест. Ин чо Точикистон аст. "Озодагон" агар даъвои озодии баён дорад, хатман вокуниши бандаро чоп мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)