Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

(ВИДЕО) Ҷоизаи раисиҷумҳури Исроил ба хонаводаи Алоевҳо

23 сентябр 2013, 11:28

Хонаводаи Алоевҳо, аз овозхонони маъруфи яҳудитабор, ки то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон меистанд, мегӯянд, ки баъд аз муҳоҷират ба Исроил дар соли 1991 вазъи оилавиашон беҳтар шудааст.

Тавре торнамои Маркази мусиқии ҷаҳонӣ менависад, хонаводаи Ало Алоев дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Исроил кӯчида, миёни мардуми Ховари Миёна низ маъруфият пайдо кардаанд. Ба навиштаи ин торнамо, ансамбли хонаводагии Алоевҳо дар баробари созҳои анъанавӣ имрӯз аз асбобҳои электронӣ низ кор мебаранд ва дар осорашон таъсири мусиқии тоҷик низ баръало намоён аст.

Сви Алоев, набераи Ало Алоев нақл мекунад, ансамбли хонаводагияшон сафарҳои зиёди хориҷӣ дошта, ахиран аз дасти раисиҷумҳури Исроил барои саҳм дар рушди фарҳанги маҳаллӣ ҷоиза гирифтааст. Набераи Ало Алоев мегӯяд, бисёре аз суруду оҳангҳои классикиро бо усули нав менавозанд ва аз ин ҳисоб мухлисони зиёди синни аз 20 то 35-соларо пайдо намудаанд.

Ало Алоев поягузори ин ансамбл давоми даҳсолаҳо дар Душанбе операи халқиро иҷро мекардааст ва ба гуфтаи наберагонаш айни ҳол узви асосии ансамбл буда, бисёри масъалаҳоро ҳал мекунад ва дар баробари ин ба навовариҳое, ки наберагонаш пешниҳод мекунанд, гӯш медиҳад.


Ҳунарнамоиҳои хонаводаи Аллаевҳо





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!