Изҳороти ҲНИТ алайҳи “Пойбанди нафрат” ва тақозо аз ҳукумат
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши иҳзҳороте филми “Пойбанди нафрат”-ро, ки аз куштори Қиёмиддини ҳаштсола дар Тоҷикобод нақл карда, нафари қотил (Сомон Муҳаббатов)-ро узви ҲНИТ муаррифӣ менамояд, филми сохтаву бофтаи нерӯҳои интизомӣ донист. Ин филм рӯзҳои 20, 21 ва 22-юми сентябри соли ҷорӣ аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
ҲНИТ дар баёнияи худ, ки 23-юми сентябр интишор дод, мегӯяд, Сомон Муҳаббатов -- “қаҳрамон”-и ин филм, дур аз ахлоқи инсонӣ буда, ҳеч гоҳ узвияти ҳизбро надошту надорад. Ба бовари масъулони ҲНИТ, маҳз баъд аз пешбарӣ ва ҳимояти Ойниҳол Бобоназарова, ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ин филм “барои бадномсозии ҲНИТ” ба тамошобинон пешкаш шудааст.
“Ниҳодҳои амниятӣ борҳо кӯшиш карданд, то як чунин афроди хабарчину хабаркаши хешро ба сафи ҲНИТ шомил созанд. Агарчи Сомон Муҳаббатов соли 2012 чанд бор бо дастури мақомоти интизомии ҳукумат дар баъзе маҳфилҳои донишҷӯӣ дар ҲНИТ ба хотири дарёфти маълумот ҳузур ёфта бошад ва масъулини ниҳодҳои интизомӣ аз амалиёти “бобарор” ҷиҳати воридсозии номбурда ба роҳбарияти хеш гузориш дода бошанд ҳам, аммо номбурда бинобар машкук будан ба узвияти ҲНИТ қабул нагаштааст ва дар рӯйхати умумии аъзои ҳизб шахсияте бо ин ному насаб сабти ном нашудааст”,-омадааст дар изҳороти ҲНИТ.
Дар баёнияи Ҳизби наҳзати исломӣ инчунин гуфта шудааст, ки аҳли хонаводаи Муҳаббатовҳо ҳама кормандони соҳаҳои гуногуни ҳокимият буда, ба ҲНИТ ҳеч алоқамандие надоранд ва Сомон Муҳаббатов аз ҷумлаи гумоштагони ниҳодҳои махсус буда, маҳз бо пуштибонии ин ниҳодҳо дар яке аз факултаҳои овозадори Донишгоҳи миллӣ донишҷӯи соли сеюм буд.
Дар баёния роҳбарияти ҲИНТ изҳор доштааст, ки “сохтакорӣ ва ё хеле содда монтаж шудани филмро ҳамагон дарк кардаанд. Матни суханронии Муҳаббатов аз тарафи фармоишгарон таҳия шудааст ва номбурда бидуни дарки моҳияти масъала, таҷовузи ҷинсӣ шудани хешро иброз медорад, ҳатто агар чунин ҳодиса иттифоқ афтода бошад ҳам, шахси оқил дар суҳбат ҳеч гоҳ як чунин ҳарфҳоро ба забон нахоҳад овард.”
Тибқи иттилои ҲНИТ, дар филм бархе аъзо ва мударрисинро дар “таълими ҷангҷӯӣ” муттаҳам намуда, онҳоро ба ҲНИТ пайванд додаанд, дар сурате ки ин ҳизб мегӯяд, дар ноҳияи Тоҷикобод на мадраса дошту на мударрис: “Онҳое, ки гӯиё ӯро таҷовуз кардаанд, имрӯзҳо корманди иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумат мебошанд, ки дар ин бобат худи ҷинояткор аз матн қироат мекард. Ҷои тааҷҷуб ин аст, ки чаро мақомот бо туҳмат ҷиноятҳоеро ба ҲНИТ рабт дода, ба намоиш мегузоранд, аммо дар робита ба ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ҳизби ҳоким хомӯширо ихтиёр намудаанд?! Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзои ҲХДТ дар ҳама гуна ҷиноятҳо,аз қабили ришвахорӣ, дуздии амволи давлатӣ, заминфурӯшӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҷовуз, куштор ва ғайра ҷиноятҳо даст доштаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашида шудаанд, аммо боре ҳам узвияти онҳо дар радио ва телевизионҳои давлатӣ садо надодаанд. Возеҳ аст, ки ташкили якчунин барномаҳо барои бадномсозии ҲНИТ дар садову симои давлатӣ дастуриву фармоишӣ буда, онҳо бар асоси «Протоколи 32-20» аз 24.11.2011 роҳандозӣ мегарданд.”
Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ дар охири баёнияи худ аз ҳукумати Тоҷикистон риояи бечунучарои меъёрҳои Қонуни асосии кишвар ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва хотима додан ба ин амалҳоро ҷиддан тақозо намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |