Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

Шӯрои уламо ҳукми додгоҳи Новороссийскиро маҳкум кард

23 сентябр 2013, 12:33

Шӯрои уламои Русия ҳукми додгоҳи шаҳри Новороссийски ин кишварро дар мавриди китоби экстремистӣ хондани тарҷумаи Қуръони карим маҳкум кард.

Шайх Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои уламои Русия бо пахши як изҳорот ин ҳукми додгоҳи шаҳри Новороссийскиро бемантиқ хонда, расман аз ҳукумати кишвараш хостааст, аз ингуна иқдомҳо даст кашад.

Ғайнуддин гуфтааст, аз ҳукумати Русия хоҳиш мекунам, даст аз ингуна таҷрибаҳои шармовар бардошта, мамнуъ хондани бархе аз адабиётҳои динии мардуми мусулмонро бас кунанд. Инчунин раиси Шӯрои уламои Русия талаб намудааст, ки бархурд ва муомила бо ингуна ҳолатҳо дар мақомоти судӣ тағйир дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран китоби тарҷумаи Қуръон бо забони русӣ “Смысловой перевод священного Корана на русский язык” аз тарафи додгоҳи шаҳри Новороссийски Русия адабиёти “экстремистӣ” хонда шуд.

Ба гуфтаи ин маркази тафтишотии Русия, гӯиё дар бархе аз сатрҳои китоби “Смысловой перевод священного Корана на русский язык” ба ашхос ва чеҳраҳои пайрави ғайри дини Ислом ба таври манфӣ баҳо дода шудааст. Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ нусхаи он ба Вазорати адлияи Русия фиристода мешавад, то номи ин китоб дар радифи адабиёти экстремистӣ қарор дода шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!