Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

АКС: Исмоил Талбаков ҳам довталаби курсии президентӣ шуд

23 сентябр 2013, 15:10

Вакилони Анҷумани сиюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизбро, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд. 73 вакили Ҳизби коммунист, ки рӯзи 23-юми сентябр дар қароргоҳи ин ҳизб ҷамъ омада буданд, якдилона оқои Талбаковро номзади худ дар интихоботи президентии шашуми ноябр эълон карданд.

Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов – пешвои коммунистҳои Тоҷикистон Исмоил Талбаковро ба ҳайси номзади ҷавону арзанда муаррифӣ кард ва ҳамин тавр ба ӯ барои сабқат ва дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ роҳи сафед хост.

Исмоил Талбаков, ки айни ҳол узви Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунист аст, барои бори дувум ба дарёфти курсии президентӣ вориди рақобат мешавад. Вай соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобев ва Амир Қароқулов вориди корзори интихоботи президентӣ шуда, аммо натавониста буд раъйи кофӣ ба даст биёварад.

Оқои Талбаков дар Анҷумани сиюми Ҳизби коммунист аз ҳамаи вакилон, аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб барои эътимодашон ба ӯ изҳори сипос кард. Вай ваъда дод, ки дар ин роҳ ягон зарра ба бовари онҳо хиёнат нахоҳад кард.

Исмоил Талбаков моҳи марти соли 1955 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, дар вазифаҳои котиби аввали Кумитаи ҳизбии минтақавии ҲKT дар Кӯлоб ва котиби Кумити марказии ҲKT кор кардааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


АКС: Исмоил Талбаков ҳам довталаби курсии президентӣ шуд

АКС: Исмоил Талбаков ҳам довталаби курсии президентӣ шуд

АКС: Исмоил Талбаков ҳам довталаби курсии президентӣ шуд


Дар акс: Шодӣ Шабдолов (чап) ва Исмоил Талбаков (рост)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз ҳамон театри соли 2006. Зиёд шудани номзад ба нафъи ҳукумат аст.
Ин талбак исмоил чи хизмат кардай ки вайа номзад мекунанд а?
Посух додан
  • Комунист

  • 23 сентябр 2013 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои номзади комунистхо имзочамъкуни лозим нест, ХХДТ аллакай барояшон имзохоро тайёр кардааст, яъне имзо пимзо даркор нест, зеро хеч кас намепурсад, ки кани имзохои шумо. Ин хизб хам барои алтернатива ба ххдт лозим аст, охи бечора чи хел бе ракиб ширкат мекунад, шарманда мешаванд ки ракиб надоштааст, аз хизбхои кисаги хеч кадомашон имхо чамъ карда наметаваонанд на одам доранду на тавон лекин кмир-ро дастур медихад мардакои боло ки бе имзо ншмзадашон ба кайд гирифта шавад.
Посух додан
  • niagara

  • 23 сентябр 2013 16:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
пешбарии номзадии исмоил талбаков дуруғи маҳз аст ва ҷуз фереби мардум ва хокпошии ба чашми ҷомеаи байналхалқи чизи дигаре нест. Ин мардаки комунист на мубориза мебарад на дар фикри халқи дарбадару ғулому муҳоҷир , сад фоиз кисаги ва ҳангомаву овозаҳои пуч ва дуруғ. Навбати гузашта каме соддаги карда ба ҳамин мардак овоз дода будем, баъд фаҳмидем, ки ин ҷаноб кисаги ва ҳаёҳуи дуруғин будаанд. Мо интихоботкунандагон дигар ба умеди ин саҳнасозиҳои дуруғин нашуда , ақли солимро кор фармуда ба тарафдории номзади арзандаи халқи тоҷик, ҳуқуқшиноси варзида ва сиёсатмадори сатҳи байналмиллалӣ мӯҳтарама ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА овози тиллогии худро арза медорем. Иитихоби ин хонуми ҷасуру ростқавлу ватандуст, ояндаи Тоҷикистони озоду демократӣ мебошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро дар акс аз толор ягон нафар чавон нест? Хизби нафакахурон? Ё худи ХКТ нафакабоб шуда? Акидаи комунистй дар шакли Морксу Ленин пешниходкарда (бо атеизми чанговараш) на танхо ба нафака баромад балки оламро кайхо падруд гуфт.
Посух додан
  • man

  • 23 сентябр 2013 21:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз ХХДТ хар нафре ки пояш ба лаби гур расад узви ХКТ мешавад ва нафака гирифта дар хидмати хочаашон ХХДТ умри худро сипари мекунанд
масъулини сомонаи Озодагон барои каментария додан хами эмайл чи лозим аст гире партоен озодиро барои хонандагон фарохам кунед ягон рохи дигарро фикр кунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халим, коммунист, ниагара, Мирзохочамухамад ва ман ба Шумо мурочиат карда мегуям, чи инкадар вактатонро сарф карда харзагуи мекунед ё Шумо хамин тавр тавалуд шудаед, доимо дар хаки дигарон ва ё шояд касеро намешиноседу тухмату бухтон мегуед. Хатто шарм дошта номатонро дуруст наменависед, чунки аз суханонатон худатон шарм медоред. Исмоил Талбаков, ки аз солхои 80 ум зиёда аз чил сол мешавад, ки дар сахнаи сиёси мебошад ва аксари мардуми кишвар он касро хамчун шахсияти кавиирода, ростгую рост кавл, поквичдон мешиносанд. Шояд худи Шуморо касе нашиносад, барои касеро шинохтан шахс бояд акли расо ва чашми хирад дошта бошад, худашро хурмат кунад, суханнашро дониста боадабона гуяд. Бубахшед аз суханронихоятон бар меояд, ки аз ин неъматхо муттасифона махрумед.Чи тавре гуфтанд:
Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад.
Нафаре, ки худашро коммунист меномад, ё коммунист нест, ё аз коммунист бо айби худаш зарре дидааст ва ё билохир хоин аст, ки пушти номи пуршарафи коммунист пинхон шудааст. Идеяхои Марксизм Ленинзм абад зинда мебошад ва барои мардуми захматкаш хизмат менамояд. Аз хизматхои коммунистон хатто Шумо барин инсонхои сиёхдил бахра хохед бурд, чунки Шуморо низ мо коммунистон сарфи назар аз беодобиатон инсон мехисобем ва умед дорем, ки дар оянда ислох мешавед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!