Бахшҳо
23 сен 2013 15:25Тоҷикистон / Сиёсат

Тақозои Ойниҳол Бобоназарова аз Эмомалӣ Раҳмон

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, аз номусоидшавии фазои пешазинтихоботии кишвар ибрози нигаронӣ карда, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостааст, ба ин масъала расидагӣ кунад.

Бобоназарова бо пахши як изҳорот гуфтааст, бо истифода аз ҳуқуқҳои конситутсионии худ аз Эмомалӣ Раҳмон, ки кафили Қонуни асосӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад, даъват мекунам, то ки риояи қонуниятро таъмин намояд ва шароити мусоиди заруриро барои ташкилу гузаронидани интихоботи воқеан ҳам демократӣ муҳайё созад.

Номзади ягонаи ИНИТ аз иқдоми маҳдудкунандаи Кумиссиюни марказии интихоботва раъйпурсии Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ин кумита бо вуҷуди он ки муҳоҷирони кории тоҷикро аз ҳаққи ҷамъовари имзо барои пешбарии номзади худ маҳрум кардааст, инчунин, аз фароҳам намудани шароити мусоиди овоздиҳӣ барои ин қишри ҷомеаи тоҷик бо ҳар баҳона худдорӣ менамояд.

Ӯ мегӯяд, КМИР пешниҳод дар бораи ба ҳайати комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва участкавӣ ворид намудани намояндагони аҳзоби сиёсиро ба хотири пешгирии тақаллуб зимни баррасии натиҷаҳои овоздиҳӣ рад кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бобоназарова ҳайати комиссияҳои мазкур тавре муайян ва тасдиқ шудааст, ки аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошанд, ки раҳбарии онро раисиҷумҳури кунунии кишвар ва ба эҳтимоли зиёд яке аз муддаиёни аслии курсии президентӣ, бар зимма дорад.

Инчунин номзади ислоҳотхоҳони кишвар аз монеасозии сунъии бархе аз ҳукуматҳои маҳалли кишвар ёдоварӣ намуда, гуфтааст, вазъи ба миёномада ягон мутобиқат ба принсипҳои тариқи Конститутсия эъломшудаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд надошта, хатари ҷиддие маҳсуб мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло раисони 25 шаҳру навоҳии кишвар, бахусус ноҳияҳои Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе, Ҳисор, Данғара, Ғончӣ, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба варақаи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова мӯҳр задаанд. Вале, ба гуфтаи масъулони ситоди интихоботии хонум Бобоназарова, ҳамчунон фишор болои ташаббускорони ҷамъоварии имзо идома дорад.
Мӯҳр
Мухлиси инит.
Ман бовар дорам,ки об аз боло лой мебиед. Ин Рахмонов худ дар байни чомеъа дар дигар давлатхо бо fурур мегуяд,ки ман хамчун призиденд кафили амали канситутсиони барои интихоботи озоду шафофу демократи мебошам гуфт. Ва ин модар пируз хохад шуд. Агар Рахмонов аз зан модар ба дуне омада бошаду шири модар хурда бошад худ аз ин зан модар пуштибони мекунад.

ОХИР ИНХО ШАРМ НАКАРДА БОЗ МЕГУЯНД КИ ДАР РУССИЯ ХАМАГИ 500-700 ХАЗОР МУХОЧИРИ КОРИ ВУЧУД ДОРАД ВА 7 ФОИЗИ ОВОЗРО ТАШКИЛ МЕДИХАД.. ДАР ХОЛАТЕ ДАР РУССИЯ 1 МЛН 200 ХАЗОР ФАКАТ РАСМАН БА КАЙД ГИРИФТА ШУДААН ВА КАРИБ 400 ХАЗОР ШАХРВАНДИ ДИГАР ДУЧОНИБА ШАРХВАНДИ ДОРАНД ВА 300 ХАЗОРИ ДИГАР БЕ САБТИ КАЙДИ ЗИСТ ДАР РУССИЯ РУЗ БА САР МЕБАРАНД КИ ИН 40 ДАР 100 ОВОЗХОРО ТАШКИЛ МЕДИХАД.АЗ ИН ЛИХОЗ ИНХО ХУД ДОРИ МЕКУНАНД ВА МЕТАРСАНД ВА БОВАРИ ДОРАНД КИ ЯГОН МУХОЧИРИ ТОЧИКИ БА РАИСИ ЧУХУРИ ХОЗИР БУДА ОВОЗ НАМЕДИХАД!!!

фира
О да и кампир ки овоз метия ,, рав намозота хон ,зеби президенти надори ,,, Мон ягон чавонтар шавад рав наберахота тарбия карда ба воя расон мома )

тира
фира, бровоооооооооооооооооооооо бравоооооооооооооооо рав фикри ояндата кун Бобоназарова

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)