Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

Саллаи як фидоӣ мири шаҳри Қандаҳорро қурбон кард

27 июл 2011, 07:13

Ғулом Ҳомидӣ, мири шаҳри Қандаҳори Афғонистон қурбони ҳамлаи интиҳорӣ шуд.


Хабаргузориҳо менависанд, фидоии маргталаб маводи мунфаҷираро, ки зери саллааш гузошта будааст, дар рӯ ба рӯи Ҳомидӣ фаъол кардааст. Гуфта мешавад, замони вуқӯи ҳодиса волии Қандаҳор дар назди бинои шаҳрдорӣ бо шаҳрвандон мулоқот доштааст.
Қандаҳор яке аз мавзеъҳои ноороми Афғонистон маҳсуб шуда, онро такягоҳи аслии толибон медонанд. Ёдрас мешавем, чанде қабл дар музофоти Қандаҳор бародари президент Ҳомид Карзай-Аҳмад Валӣ Карзай дар манзили зисташ аз сӯи раҳбари хадамоти амниятияш кушта шуд. Масъулияти ин амалро ҳаракати  "Толибон" бар ӯҳда гирифта, давоми 10 соли охир онро дастоварди бузурги худ хонд. 13 июл дар маросими дафни Аҳмад Валӣ Карзай ду таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Моҳи апрели соли равон бошад, аз маҳбаси маҳаллӣ 500 зиндонӣ фирор кард. Чанд рӯз қабл аз ин бошад, раҳбари пулиси маҳаллӣ кушта шуд. Моҳи январ ба ҷони муовини волии музофоти Қандаҳор низ сӯиқасд анҷом шуд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!