Бахшҳо

Шабдолов дар масъалаи Сурия тарафи Русияро гирифт

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ), аз роҳи ҳалли пешниҳоднамудаи Русия барои хотима бахшидан ба нооромиҳои Сурия ҳимоят карда, аз аъзо ва ҳаводорони ҳизбаш хост, аз он ҷонибдорӣ кунанд.

Шабдолов, ки рӯзи 23-юми сентябр дар анҷумани ҲКТ дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, мо бояд аз ин пешниҳоди Русия барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳимоят кунем, чун ин амал обрӯву эътибори ҳизби моро боло мебарад. Раиси ҲКТ мегӯяд, “имрӯз барои аз байн бурдани нооромиҳои Сурия давлатҳои Ғарб роҳҳали худро пешниҳод мекунанд, ки он ба сарнагунии ҳукумати феълии Димишқ ва сари қудрат омадани “муҷоҳидон” хулоса мешавад.”
Вале ба гуфтаи Шабдолов, ин нерӯҳо сидқан пойбанди ҳамкории дӯстона бо Ғарб нестанд ва дар оянда эҳтимоли истифода шудани силоҳҳои мавҷуда алайҳи худашон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ин масъаларо бояд Созмони Милали Муттаҳид ҳал кунад. Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон гуфт, танҳо ин созмон бояд муайян кунад, ки кӣ аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст: “Мушакҳои куҳнаи русиро, ки ҳоло оҳанпорае беш нестанд, гирифта, бо силоҳи кимиёӣ пур ва дар ҷои воқеа гузоштааст ва мегӯяд ин яроқи кимиёвиро ҳукумати Сурия истифода намудааст.”

Шабдолов илова намуд, Амрико бори аввал нест, ки аз ингуна ҳиллаҳо истифода мекунад: “Замони ба Ироқ ҳамла намудан гуфт, Саддом Ҳусейн силоҳи кимиёӣ дорад, вале таҳқиқот нишон дод, ки ин ҳарфҳо дурӯғ буданд ва эҳтимоли такрор шудани ин барнома алайҳи дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.”
Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, “мақомоти Русия дар ин бора тавзеҳоти хубе додаанд, ки ин ҳама як ҳангомае беш нест. Онҳо гуфтанд, агар ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия идома ёбад, эҳтимол аст, он ба кишварҳои минтақа ба хусус Осиёи Марказӣ таъсири худро расонад. Инчунин роҳҳои дигаре низ пешниҳод гардид, ки силоҳи кимиёӣ аз Сурия ба Русия бароварда шуда, дар онҷо нобуд сохта шавад ва низ бояд силоҳи кимиёиро дар кулли кишварҳои минтақа манъ кард.”

Раиси ҲКТ таъкид дошт, ки ҷанги шаҳрвандиро бо роҳи низомӣ хотима бахшида намешавад: “Амрико кишварҳоро бомбаборон намуда, яке аз амокини нигаҳдории силоҳи кимиёвиро тарконда, боз мегӯяд, ин кори Асад аст.” Шабдолов бо ёдрас намудани ин нукта, ки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин аз роҳҳали пешниҳоднамудаи Русия барои хотима бахшидани нооромиҳои Сурия дар Бишкек ҷонибдорӣ намуданд ва аз тамоми иштирокдорон ва аъзои ҲКТ хоҳиш кард, ки аз он ҳимоят кунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)