Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:15

12 голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи Бутан

24 сентябр 2013, 09:32

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии дуюми Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, тими Бутанро бо ҳисоби 12:0 шикаст дод.

Ин бозӣ шоми дирӯз, 23-юми сентябр дар варзишгоҳи “Али Сабоҳ Ал-Салим”-и Қувейт баргузор гардид. Голи нахустинро Холиқҷон Ҳасанов дар дақиқаи 13-уми дидор ба ҳадаф расонида ҳисобро кушод. Собирҷон Гуляков, ки дар нимаи дуюм ба сабқат ворид карда шуд, дар дақиқаҳои 66, 67, 69, ва 89-уми бозӣ чор гол зада, покер кард. Рустам Толибов бошад дар дақиқаҳои 20, 49 ва 61- уми дидор 3 гол зада, хет-трик кард. Муҳаммадҷони Ҳасан дар дақиқаҳои 19 ва 27-уми сабқат гол зада, дубл шуд. Худойдод Узоқов дар дақиқаи 60-ум ва Ҳиматулло Малодустов дар дақиқаи 76-ум як голӣ заданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии нахустини худ бо тими наврасони Ҳиндустон ба сабқат баромада, бозиро мусовӣ 1:1 анҷом дода буданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобӣ, боз бо якачини наврасони Қувайт (27-уми сентябр) ва Лубнон (29-уми сентябр) рақобат мекунад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ роҳбарӣ мекунад.

Бозиҳои гуруҳи “А”-и Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Қувайт ҷараён дорад, ки ба ин гуруҳ дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан шомиланд. Дар бозии дигари мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гуруҳи “А” футболбозони навраси Қувайт бо ҳисоби 1:5 бар Лубнон пирӯз шуданд.

Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Феълан дар ҷадвали мусобиқот Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар садри аввал нишаста аст. Қувай ва Ливан 3 имтиёзи доранд ва бо бартарияти голҳо Қувайт дуюм ва Ливан сеюм аст. Ҳиндустон бо 1 имтиёз мақоми чорумро касб кардааст ва Бутан бидуни имтиёз дар зинаи панчум қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!