Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 13:06

Тақозои САҲА аз Узбакистон барои пайдо намудани рӯзноманигор

24 сентябр 2013, 09:55

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз мақомоти Узбакистон хостааст, Сергей Наумов, рузноманигори “fergana.ru”-ро, ки дар ин кишвар беному нишон гардида буд, пайдо кунад.

Дуня Миятович, раҳбари бахши матбуотии САҲА гуфтааст, аз бедарак гардидани Наумов дар Узбакистон сахт нигарон мебошад. Ӯ мегӯяд, ҳоло наздикон ва дӯстони ин рӯзноманигор хабар надоранд, ки Наумов дар куҷо ба сар мебарад.

Миятович, ки чанде қабл дар ҷаласаи САҲА оид ба баррасии иҷрои тааҳҳудот дар мавриди арзишҳзои инсонӣ дар Варшава суҳбат мекард, гуфт, ман расман ба мақомоти узбак барои пайдо намудани ин хабарнигор нома фиристодаам.

Сергей Наумов, рузноманигори мустақил ва шаҳрванди Узбакистон мебошад, ки бо хабаргузории русии “fergana.ru” ҳамкорӣ дошта, бо чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ қадрдонӣ шудааст.









Дар акс: Сергей Наумов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!