Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:53

Блог: Сӯҳбати ғайриинтизор бо деҳқоне дар бораи номзадҳо

24 сентябр 2013, 09:56

Рустам МАҶИДОВ

Рӯзи якшанбе дар бозор бо як деҳқони кӯҳансол, ки қаблан муаллим будааст, ҳамсӯҳбат шудам. Ҳангоми хариди мева, мӯйсафед дастгоҳи аксбардориро дида, аз шуғлам пурсид. Гуфтам, хабарнигорам.

-Журналист бошӣ, хабар дорӣ, ягон гапи нав атрофи интихобот ҳаст?

-Алҳол ягон навигарии муҳим, ғайр аз пешниҳоди номзадҳо, нест.

-Чор-то шуд-а?

-Дирӯз панҷумашро пешниҳод карданд.

-Эмомалиро (Раҳмон) пешниҳод карданд?

-Бале, дирӯз, дар ҷаласаи Иттифоқи ҷавонон.

-О, вай синну солаш аз ҷавонӣ кайҳо гузаштагию…

-Хайр, анҷуман ҳамин хел қарор қабул кардааст.

-Ягон одами нав ҳаст?

-ҲНИТ номзадро аз ҳизби худ нею номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ – Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ кард, ки ба фикрам ягона одами нав мешавад. Лекин ҳоло вақт ҳаст, дигарон шояд ягон каси дигари навро пешниҳод кунанд.

-Эҳ, Ҳизби наҳзат ба наздикӣ аз байн меравад…

-Чаро?

-Эҳ, бачам, ин намоишҳо корашона мекунанд. Гап сари фақат барномаҳои телевизионӣ нест. Агар ҳизби динӣ ба чунин амалҳо даст зада бошанд, аз онҳо чӣ ҷои умед?
-Ҳама ҷинояткорон наҳзатӣ нестанд-ку...

-Чи қадаре набошад, ҳамин ҳукумат як чизро медонад, ки ҳамин хел барномаҳоро пахш кардааст.

-Розӣ ҳастед, ки одам аз тарси ҷон ва зери шиканҷа, ҳар чиро метавонад гӯяд?

-Фикр мекунӣ, он ҷавонро маҷбур кардаанд чунин баромад кунад?

-Ман чизеро таъйид ё рад намекунам, чун аз ҳама ҷузъиёти воқеа хабар надорам. Аммо ҳама мусалмонон ҷинояткор ва ҳама ҷинояткорон наҳзатӣ нестанд. Гуноҳи як нафарро ба тамоми ҳизб нисбат додан дуруст нест.

-Охир, гуфтааст-ку, устодонаш аз ҲНИТ будаанду ба чунин кор равона кардаанд...

-Таълимоти зиддиҳукуматӣ ба куштори як кӯдак чи андоза рабт дорад? Агар дар ҳақиқат зидди ҳукумати вақт бошад, чаро фарзанди як оилаи оддиро куштааст, на фарзанди ягон амалдорро?

-Инашро намедонам, лекин ҳамон корро кардааст-ку.

-Аз руи мантиқ ва суханони худаш гирем, куштани ҳамон кӯдак ба таълимоти зиддиҳукуматӣ рост меояд?

-Не...

Пас аз пардохти қимати себ ва ҳангоми хайрухуш пирамард гуфт, эҳтиёт бошам, чун вазъ чандон содаву одӣ нест.

-Ин қадар гапу калоча бетаъсир намемонад, писарам. Ҳизби наҳзат, дар натиҷаи чунин барномасозиҳо, аз миён меравад. Аммо тафриқаи андохтаи миёни мардум аз дили одамон ба осонӣ пок намешавад. Эҳтиёт бошед, бачам, эҳтиёт...


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рустам

  • 24 сентябр 2013 10:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
так что бачаако и гап ба хаматон дахл дорад, Эҳтиёт бошед, бачам, эҳтиёт...
Посух додан
  • Сафар

  • 24 сентябр 2013 13:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба номзади арзанда овоз дихед вагарна боз хафт соли дигар бе кувваи барку дур аз ватан хамчу гулом умр ба сар хохед бурд.
Эхтиёт бошед бачам, эхтиёт.
Посух додан
  • 777

  • 24 сентябр 2013 14:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор чои ин гапхо нест,эхтиёт,бош бачам эхтиёт....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рустам акун шумо донову мохон нодон. Типа манипулятсия карди? Товбаеее
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар дехот вокеан чунин намоишхо ба афкори мардум таъсири зиед мерасонад. Зеро онхо чуз шабакахои игвоангези Точикистон дигар шабакаро тамошо намекунанд. Банда дар яке аз чунин сухбатхо хузур доштам, ки баъди намоиши тарки хизб кардани якчанд нафар дар шабакаи телевизиони Точикситон пахш шуда буд. Аз ман хама мепурсиданд:
- Бачам рост аст, ки хама ХНИТ-ро тарк карда истодаанд? Ин хизб аз байн меравад?
- Ман мегуфтам, ки ин хама ташвикоти хукумат алайхи ХНИТ аст ба он бовар накунед. шабакахои Точикистон барои бадном кардани ин хизб муборизаро аз интихоботи гузаштаи парлумони огоз карда буданд.
Як дехконе гуфта буд:
- Рост мегуи бачам. Дар интихоботи гузаштаи парлумони ХНИТ аксари овозхоро ба даст оварда буд, ин аст, ки Хукумат сахт дар ташвиш афтода барои пешгирии рушди он хама корро кардла истодааст.
Так что намоишхои нав низ бетаъсири намемонанд. Эхтиёт шав бачем!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!