Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

“Профсоюз” ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард

24 сентябр 2013, 10:32

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ё “Профсоюз”, ки як ниҳоди ҷамъиятист, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард ва гуфт, то лаҳзаи охир бо ӯ хоҳад монд. Ин тасмим дар Анҷумани 21-уми вакилони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми сентябр баргузор гардид, гирифта шуд.

Муродалӣ Солеҳов, ки аз соли 1987 то кунун раёсати Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро бар дӯш дорад, ҳангоми суханронияш номзадии оқои Раҳмонро дар миён гузошта, аз 235 вакил хост, то назару номзади худро пешниҳод кунанд. Аммо вакилон гуфтанд, онҳо нафари дигари шоистае ба мақоми президентӣ надоранд ва ба ин тартиб Эмомалӣ Раҳмонро бидуни алтернатива номзади худ интихоб намуданд.

Аз ин пештар, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунуниро бидуни алтернатива номзади худ эълон карда буд. Ин пешниҳод аз забони Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик ва барандеи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон, садо дод ва аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон пазируфта шуд.

Эмомалӣ Раҳмони 61-сола то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, бар рақибонаш пирӯз омадааст. Вай дар маҷмӯъ, 21 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад ва дар сурати пирӯз омданаш дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ ҳафт соли дигар ба курсии президентӣ такя хоҳад зад. Вай зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буда, соҳиби нӯҳ фарзанд аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
канд хуру пешбари накун пагох вес авлодата аз кор озод мекунан ва хаматона терористу дузду авбоши хоини милат эълон мекунан ва бурда хабси як умра мекунан..чоплуси кай хотима меёфта бошад дар Точикистон ва кай хар як шахрванд фикри худашро баен мекарда бошад..???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!