Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:48

Forbes сарватмандтарин ҷуфтҳои маъруфи сайёраро эълон кард

24 сентябр 2013, 11:19

Бейонсе Ноулз ва шавараш Jay Z дар садри рейтинги сарватмандтарин ҷуфтҳои шинохта мақом гирифтаанд.

Ин феҳраст аз сӯи маҷаллаи Forbes таҳия шуда, бино ба маълумоти он аз моҳи июни соли 2012 то июни соли 2013 Бейонсе ва Jay Z наздики 95 миллион доллар кор кардаанд.

Гуфта мешавад, барои пур кардани буҷаи оилавӣ силсиласафарҳои ҳунарии Бейонсе ва фуруши бомуваффақи албоми Jay Z кӯмак кардаанд. Аммо ин ҷуфт танҳо ба тиҷорати мусиқӣ маҳдуд намешавад. Бейонсе хатти шахсии худро оид ба фурӯши либос ва атриёт созмон дода, Jay Z бошад, агентии варзиширо таъсис додааст, ки аллакай як гуруҳ варзишгарони маъруф аъзои онанд.

Мақоми дуюмро модел Жизел Бундхен ва бозигари футболи амрикоӣ Том Брэди соҳиб шудаанд. Онҳо давоми як сол ҳудуди 80 миллион доллар кор кардаанд. Аммо даромади Бундхен чор миллион доллар бештар аз шавҳараш будааст.

Дар ҷои сеюм ҳунармандони Ҳоливуд - Брэд Питт ва Анҷелина Ҷоли қарор доранд, ки ба навиштаи Forbes даромади солонаи оно ба 50 миллион доллар наздик аст.

Ба панҷгонаи ҷуфтҳои сарватманди шинохта ҳамчунин ҳунармандон Эштон Катчер ва Мила Кунис (бо 35 миллион доллар) рэпсаро Кане Уэст ва иштирокчии шоуи телевизионӣ Ким Кардашян (бо 30 миллион доллар) ворид шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!