Бахшҳо

Далер Шарифов ба Мулло Ҳайдар: “Фаромӯш накунед, дар асри 21-ем!”

Дар кишваре, ки 99 фисад мардуми мусалмон зиндагӣ мекунад, бештари рӯҳониён вазифаи аслии худро фаромӯш карда, даст ба мавзӯъҳое мезананд, ки ҳайрати кас меояд.

Ба ҷои он ки аз фаризаҳои илоҳӣ, ба монанди ҳиҷоб, таълими Қуръон, ибодат дар масҷид, муомилоти зиндагӣ тибқи шариат ва даҳҳо мавзӯъҳое ки имрӯз дар Тоҷикистон мувоҷеҳи мушкиланд, пуштибонӣ кунанд, андешаҳоеро тариқи матбуот аз онҳо мехонем ё мешунавем, ки хандаовар аст.

Чанде пештар Мулло Ҳайдар (Шарифов) аз руҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб дар «Asia-Plus» гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад «ҷинояте зидди давлат ва миллат» содир кардааст. Чанде сабр кардам, ки ягон шахси огоҳ ба эшон посухе бидиҳад ва бифаҳмонад ки домуллои «муҳтарам» ин андешаатон ғалат аст. Аммо чунин нашуд.

Домуллои «муҳтарам» ман ба ин кор надорам, ки андешаҳои Шумо хилофи Сарқонун ва тамоми арзишҳои демкократисту ба кадом бандҳои қонун мухолифат мекунад. Бигзор, инро ҳуқуқдонҳо ва мардуми Тоҷикистон, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, ба шумо бифаҳмонанд. Домуллои «муҳтарам» агар овоз надодан ба Эмомалӣ Раҳмон «ҷинояте зидди давлат ва миллат» бошад, бояд пас аз интихобот онҳоеро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надодаанд, ҳамаашонро дохили зиндон кард, чаро ки ҷиноят зидди давлату миллат амали нобахшиданист.

Ба маълумоти Шумо Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ба хотири ҷиноят зидди давлату миллат яке понздаҳ сол ва дигарӣ як умр ба ҳабс маҳкум шуданд. Аз ин хотир баъди хондани Чоркитобу Мухтасар кам-кам қонунҳои кишварро мутолиа кунед. Шумо ҳамчун домулло ва рӯҳонӣ бояд бидонед, ки тибқи шариати Ислом ҳар шахс ҳаққи интихоби зиндагии арзанда ва шоистаро дорад. Ва ӯ ҳақ дорад аз «улуламр»-и ғайришаръӣ итоат накунад ё ба ӯ раъйи худро надиҳад ё баръакс аз роҳбаре, ки тамоми хостаҳои динӣ ва дунявиашро бароварда мекунад, пуштибонӣ ва итоат намояд. Ин мавзӯъ дар дини муқаддаси Ислом хеле муҳим аст. Чаро ки Ислом дини диктаторӣ ё диктаторҳо нест. Домулло, Шумо агар хонда бошед хоҳиш мекунам ба хотиратон биёред замонеро ки паёмбари бузурги Ислом ҳангоме ки аз дунё гузаштанд, ҷонишин ё роҳбари ояндаи хилофатро таъин накарданд ва онро ба худи саҳобагон гузоштанд, то тариқи интихобот онҳо роҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.

Ҳамин тариқ, чаҳор халифаи бузург ва минбаъда дар Ислом на ба тариқи дуздии овозҳо ё фишору хиёнатҳо, балки тариқи интихоботи озоду шаффоф яке паси ҳамдигар роҳбар таъин шуданд. Хусусан ҳангоми интихоби ҳазрати Усмон ва ҳазрати Алӣ, ки ҳардуяшон дар мақому мартаба ва илму дониш ва тақво қариб баробар буданд интихобот ҳамин хел сурат гирифт, ки бо шоҳидии се саҳоба хона ба хона гашта ба тарафдории ин ду нафар овоз ҷамъ карданд ва яке аз инҳо дар интихобот, яъне ҳазрати Усмон ғолиб омад ва ҳазрати Алӣ омада, бо ӯ байъат кард ва ӯро ба мақоми хилофат табрик намуд.

Домулло медонед, ки ин воқеа дар дини Ислом 1400 сол пеш сурат гирифта буд ва алъон мо дар асри 21 қарор дорему мардумро маҷбур мекунем ба тарафдории касе овоз диҳанд ва овоз надоданашонро ба номзади мавриди худ ҷиноят ҳисоб мекунем. Шумо, ки саллаву ҷелак ва номи муллоӣ доред, аз номи Ислом баромад мекунед ва то ба имрӯз зиндагиатон пушти номи Ислом аст бояд мардумро аз ахлоқу аҳком ва ҷавонмардиҳои саҳобагон раҳнамоӣ кунед. Давлатдории боадолатонаи Умарро барояшон қисса кунед.

Ба мардум бифаҳмонед, ки Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ бо либосҳои дарбеҳшудаву шиками гурусна ба мардум хизмат мекарданд. Онҳо хилофатро авлодӣ накардаву тамоми тиҷорату саноату зиндагиро монополия накарда буданд. Ва ҳамин буд, ки то Испания хилофаташон тӯл мекашид. Шумо, ки пеши Худо аз ҳар авоме дида масъулияти бештареро доред ва фардо аз ин ҳама масъулият пурсида хоҳед шуд. Аз ин хотир ҳамчун як мусалмони Тоҷикистон аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳар чӣ назар медиҳед, як бор онро дар тарозуи ақл санҷед. Шумо, ки намояндагӣ аз дини муқадаси Ислом мекунед, бештар кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои мардуми мусалмон рафъ гардад. Агар ба ҷуз мулло будан вазифаи дигаре ҳам доред, пас, инаш ҳавола ба худатон, ман ҷуз мулло Шуморо каси дигар намешиносам.

Бигзор мардуми Тоҷикистон касеро ки худашон салоҳ медонанд, интихоб кунанд. Ману Шумо домулои «муҳтарам» ва ҳеч нафари дигар ҳақ надорад ба ҳуқуқи мардум дахолат кунад. Ҳама чиз маълум аст ва мардум худашон медонанд, ки ба кӣ овоз диҳанд. Вазифаи аслии Шумо домулло ин аст, ки ба мардум ва мансабдорон ҳалолхурӣ, хиёнат накардан дар мансаб, надуздидани овозҳои мардум ва риояи ҳаққу ҳуқуқи мардумро фаҳмондан мебошад. Тағйир додани ҳолу аҳволамонро Худованд бар дӯши худамон вогузор кардааст.

Домуллои «муҳтарам» Худованд мефармояд, «Худованд ҳоли ҳеч қавмеро тағйир намедиҳад, то вақте онон он чӣ дар дилҳояшон доранд, тағйир диҳанд» (сураи Раъд, ояти 11). Пас, бояд ба хотири пешрафт ва саодатмандии мусалмонон ва миллати шарафманди тоҷик дилҳоямонро ва андешаҳоямонро тағйир бидиҳем, на ба хотири кадом манфиатаке шахсиятпарастӣ кунему аз пинҳон кардани ҳақиқат ва нодида гирифтани масъалаҳои муҳим даст бикашем.

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Салим
тенчи аст Далербой ба маслихати муллохо пардохти ..

МЕТАРСУМ ХАМИ БАЧАХАКА БО ДАР ЯГОН КУНЧИ ТОРИКИ ШАЛЛОК МЕКУНАНД. ШАТТАХУРИ ХАМ ОДАТ МЕШУДААСТ ДАААААААААААА.

мухочир
Инхо муллохои зархариданд дурусттараш дарбори.

Карим
Далет ту худата журналист мегири кани кори касбии ту??Вакили дифоъи нахзатихо шуда гаштайи, хамон кадар пули бачоии Нуриву Турачонзода ширин бошад, хамон кадар сиёсатхои ширини Рахмон хам ба Шарифов ширин аст..Ту дар Сафина як барномаи фач дошти ва ба хотири карией худат буд он вакт ба муллохо чавоб мегуфти на дар бораи сиёсати хару саг имруз ки ронда шуду тахлилгарам шуди...Чура хамон хакорате ки нисбати Домулло Хикматулло карди ботил буд, устод дар ягончо ин калимаро нагуфта буд аммо ба шумо кадом нахзати радикал инро расонд ва ту гуфти...устод хабар ёфт, аммо гуфт гуфтан гирад мо дар он вохури убдем умуман хостанд аз дахони устодхадди акал калимаи нахзат ё хизби исломи барояд набаромад.ба чойи офарин гуфтан ту фачу луч навишти...дар точикистон мавзуи журналисти нест....??

хазор рахмат ва Худованди Муттаъол дар номаи аъмолат нависта кунад ин кори хайратро ..падарта худованд рахмат кунад ба ин чавоби муносибу пур мазмунат ба ин мулло!!!

Офарин бародар Далер, неки и муллора 1:0 зади чурачон, кандата зан.

diktator
Charo domullo intur nanavishted «domullo». Charo ki chunin afrod arzandai nomi mullo nestand chi rasad Ba domullo.

Точикбача
Салом алайкум!

Хуш ба холи бародари гаюру азизу гиромии мо Далер. Мо мушкил сари хамин дорем ки имруз ришдору муллохои чамъияти имруза дини азизи мора фурухта дуне чамъ доранд ва моро бадном кардиянд ва имруз ман риш дораму рухан азоб мекашам аз гаправии мардум холо он, ки агар хакикатро мехохед биёед як гурухро аз нафархои кордидаю шинохтаи мусалмон дар асоси конун чамъ карда бо ичозати хукумат мо низ аз пушти коркунхои хукумат сабтхои видеои кунем бад аз он дар телевизор дар намоиш мегузорем пас мардум фахманд донанд ки кӣ хиёнаткору зинокору горатгар хаст

Далер братанчон шери нари , кандта бза чихеле меган ахсан .

мухочир
Саломат бош афсуз мардуми мо бесаводтаьрин халкам аз хамйи чиз кафон

Ватандуст.
Ин муллохои хукумати ба фардои киематат бовар надоранд.худоро монда раиса ситоиш мекунанд.

Мо акнун дарк кардем, ки ту дониши комил дорию мехохи худро ситора нишон дихи! Ба фикрам туро хамин мухолифон ба худ чаолб кардаю ягон вазифаат ваъда кардаанд. Агар фаромуш карда боши, ба хотир биёр, ки ту (носипос) дар даврони хукумронии хамин шахси бузург тахсил карди, илми омухти, чехра худатро ба мардум нишон доди ва хадал имкон бахскарданро ёд гирифти! Имруз ба дустдорони ин давлати сохибитсиклол акл нишон медихи. Хама бузургон медонанд, ки барои тамоми маколахои чоп гашта албатта чавоб ёфт мешавад, вале аз чавоби бар зидди сулху пойдории ин давлат худдори менамоянд. Агар ба олими расида боши ба манфиати мардум кор кун на ба зарари онхо, чунки подоши хар кас мувофики амали уст. Боки эхтиёт ними хаёт гуфтаанд бузургон! Албатта на ба хотири тарс, балки ба хотири рушди минбаъдаат!

Шогирди Хайдар
Ин «мулло» сарзовори он нест, ки ба акидахои пучаш радия навишт.

САВОЛ БА МУЛО ХАЙДАР? КАСАМ БА НОМИ ХУДО ГУЕД, КИ ХАНГОМИ АЗ АТЕСТАТСИЯ ГУЗАРОНИДАНИ ИМОМ ХАТИБОНИ МИНТАКАИ КУЛОБ АЗ 54 МАСЧИД БЕШ АЗ САД СОМОНИ ЧАМЪ НАКАРДЕД?! БАРОИ ЧИ ВА ДАР КАДОМ АСОС БУД?! КИ ИНРО ЧИНОЯТ НАХИСОБИДЕД ВА Ё ИН ЧИНОЯТ НАБУД? БОЗ ШАРМ НАКАРДА АЗ МИНБАРИ ИСЛОМ АЗ ЧИНОЯТ СУХБАТ МЕКУНЕД ВА МЕГУЕД: "ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад «ҷинояте зидди давлат ва миллат» содир кардааст". ОЁ ПУЛ ЧАМКАРДАН ГАЙРИ КОНУНИ АЗ МАРДУМ ХАЛОЛ АСТ?!

Худованд хамаро тавфику инсоф дихад вагарна то охири умрамон хаминхел дар гариби мурда меравем. Ман нафахмтдам демократя шудан гунох ва хиёнат бар миллат бошад. Агар инхел бошад пас интихобот гузаронидан хам хиёнат ба миллат мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)