Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:52

Дари бастаи раисони Панҷу Қумсангиру Шаҳристон ба рӯи ташаббускорони номзади ИНИТ

24 сентябр 2013, 11:35

То имрӯз раҳбарони 44 шаҳру ноҳияи кишвар варақаҳои имзоҷамъоварӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон - Ойниҳол Бобоназароваро имзо гузоштаанд.

“Ноҳияи Қубодиён, ки бо ҳар баҳона ба гуруҳҳои ташаббускор посух намедод, субҳи имрӯз раиси ноҳия намояндаҳои Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳузур пазируфта, қарори раёсати бахш дар мавриди гуруҳҳои ташаббускорро талаб кардааст”,-гуфтанд ба “Озодагон” аз маркази матбуотии ситоди интихоботии ИНИТ.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Панҷ ҳанӯз ҳам гуруҳҳои ташаббускори номзади ИНИТ-ро қабул намекунанд. “Дар ноҳияҳои Қумсангиру Шаҳристон низ вазъият ҳамин гуна аст”,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пеш аз хама салом ба Шумо муаллимаи азиз! Ман фикр мекунам, ки Шумо худатонро бехуда хор карда истодаед, боре Шумо ба худ савол кардаед, ки аз кучо 1 омадаед ба кучо меравед? Зеро дар чахони имруз дар ин геополитикаи имруза шумо кудрати идоракардани давлатро надоред, чунки шумо аз олами сиёсат ба дуред. 2. Шумо то хол бехабаред, ки бозичаи дасти Кабири гаштаед? бадтар аз ин дар оянда гумрохи зиндаги хохед гашт вакти он аст, ки хуб фикр кунед. 3. Барои чи на Кабири ва на Зоиров балки Шумо пешниход шудед? Ин пеш аз хама Миссияи нотамоми Турачонзода мебошад,ки аз пушти сахна истода ба холи шумо карсак мезанад, Аз шумо хохиш менамоям муаллимаи азиз ба худ андеша кунед додаи фиреби ин бозингарони манфиятчу нашавед, зеро Шумо болотар аз хама Модар хастет, аз ин хотир дилам ба Шумо месузад. Ман тарафи касеро намегирам танхо мехохам дар точикистони азизи мо конун хукмфармо бошад на Шахсият.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!