Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:06

БДА: Теъдоди садамаҳо аз 1000 адад гузашт

24 сентябр 2013, 11:48

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ то 22 сентябр дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1013 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ бар асари ин сонеҳаҳои нақлиётӣ 325 нафар ба ҳалокат расида, 1121 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

БДА таъкид мекунад, ки танҳо дар ҳафтаи гузашта-аз 16 то 22 сентябр дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 27 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!