Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Қутос мушкили гӯшт дар Душанберо ҳал мекунад?

24 сентябр 2013, 14:23

Дар доираи барномаи махсуси Созмони озуқа ва кишоварзӣ моҳҳои наздик ба бозорҳои Душанбе интиқоли маҳсулоти ширию гӯштии қутос аз ноҳияи Мурғоб роҳандозӣ хоҳад шуд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, теъдоди қутосҳо дар кишвар дар оғози соли равон ҳудуди 24 ҳазорро ташкил дода, асосан дар ноҳияи Мурғоб нигоҳдорӣ мешаванд: “Қутос ширу гӯшти парҳезӣ ва пашм дода, нигоҳубини алоҳидаро талаб наменамояд. Бахусус шири он серсафеда ва равған, 6,5 – 7,2 фоиз аст, ки аз шири модагов 2 баробар зиёд мебошад. Вазни зиндаи қутосҳои калонсоле, ки бо хӯроки чарогоҳ ва нигоҳубини анъанавӣ парвариш меёбанд, ба ҳисоби миёна буқаҳои наслдеҳ 450-560, модаговҳо 320 – 360 килограммро ташкил медиҳанд. Қутосҳои калонсол то 2-3 кг пашм (нах) дода метавонанд, ки миқдори тибити он 57-61 фоиз аст. Миқдори шири қутос дар як сол то ба 600-700 килограмм мерасад. Аз ин рӯ парвариши он дар шароити баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ фоидабахш аст.”

Дар доираи барномаи ФАО айни ҳол ба қутоспарварон тарзи дурусти забҳ, омода ва интиқоли гӯшт, шир ва дигар маҳсулот таълим дода мешавад ва дар назар аст, ки аввалин маҳсулоти тайёри гӯштию ширии қутос ояндаи наздик вориди бозорҳои Душанбе гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!