Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Абумуслим: “Таҳти фишори раис зидди Тошеву Ризоев ҳарф задам”

24 сентябр 2013, 15:46

Абумуслим Раҷабов, як маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев -- ду шоҳиди марги Ҳамза Икромзода ҳамчун “ҷабрдида” муаррифӣ шуда, зидди онҳо баёнот дода буд, рӯзи 24-уми сентябр онро рад кардааст. Вай гуфта, ки ин баёнотро таҳти фишор ва шиканҷаи Диловар Арабов, сардори зиндони сеюми Хуҷанд, додааст.

Оқои Раҷабов ин ҳамаро ҳангоми мурофиаи додгоҳии Суннатулло Ризоев ва Садридин Тошев баён доштааст, ки рӯзи 24-юми сентябр бо таъини айбдоркунандаи нави давлатӣ -- Иброҳим Саидов дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд баргузор гардид. Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки соли гузашта аз зиндони аввали Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, дар паҳн кардани иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев гуфт, “Абӯмуслим Раҷабов пофишорӣ намуд, ки бо адвокат таъмин карда шавад, чун шояд баъд аз пурсиш ба вай таъсир расонанд ё фишор биоваранд. Ман замонат додам, ки аз ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ дифоъ хоҳам кард. Ӯ баъд аз ин барои баёнот додан розӣ шуд. Вай тасдиқ намуд, наворе, ки дар бораи шиканҷаи зиндониён нақл карда, дар Интернет пахш шуда буд, сохта набуда, воқеан аз ҷониби кормандони муассиса нисбат ба онҳо расонда шуда буданд.”

Хонум Воҳидова дар идомаи суханаш гуфт, ҷабрдида гуфтааст, ӯ нисбат ба Тошев ва Ризоев даъвое надорад: “Абумуслим Раҷабов аз рӯи парванда ҷабрдида ҳисоб меёбад. Лекин имрӯз гуфт, ки ӯ ҷабрдидаи парванда аз кирдори Тошеву Ризоев набуда, баръакс ҷароҳатҳои ҷисмониро ба ӯ кормандони муассиса расондаанд ва ӯ нисбати кормандони муассиса даъво дорад.”

Тошев ва Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Ин парвандаи онҳо баъд аз он ифтитоҳ шуд, ки дар Интернет навори видеоие дар бораи шиканҷаи зиндониёне, ки аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуданд, пайдо ва бо вокунишҳо рӯбарӯ гардид. Мақомот мегӯянд, Тошеву Ризоев ин навори сохтаро паҳн кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Новобаста ба чавбру зулми зиёд ва зери шиканча карор гирифтан бачаяко барои дарёфти хак сухани хакро дар суд гуфта истодаанд. Вале бовар кунед суд ин хамаро ба инобат намегирад ва аз руи баёнотхои кабли, ки ба таври зури гирифта шуд, хукми худро мебарорад. Сад афсус ки ин хакикат буда, адолати суди дар Точикистон вучуд надорад ва судяхо мустакил нестанд. Бечора бачаяко хайф мешаванд
Посух додан
  • Човид

  • 24 сентябр 2013 19:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сухани хакро гуфтан ин вазифаи хамаи мардуми точик мебошад
Сухани хак номардро сурох мекунад.
Посух додан
  • Толиб

  • 25 сентябр 2013 08:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вакти гуфтан омад...
бояд дар дами марги чон хам аз сухани хак ру нагардонид. Бигзор хакчуйи умрамонро хам барбод дихад. 10 нафар 100 нафар 200 нафару аз ин хам зиёд курбонии рохи хак шавем, аммо окибат хакикат галаба мекунад вакте оммаи мардум рохи хакикатро пеш мегиранд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!