Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:49

Зиёни ширкатҳои Саудӣ аз коҳиши теъдоди зоирони Хонаи Худо

24 сентябр 2013, 16:10

Ширкатҳои хидматрасони ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ аз коҳиши шумораи зоирони хонаи Худо дар соли 2013 ибрози нигаронӣ доранд. Ин ширкатҳо мегӯянд, интизор меравад, дар соли ҷорӣ ба сабаби кам гардидани теъдоди ҳоҷиён ҳаҷми даромади онҳо 50 дарсад поин рафта, таъсири манфиеро ба фаъолияти онҳо расонад.

Ба навиштаи нашрияи “ал-Ҳаёт”, бештари Ширкатҳои хидматрасони ҳаҷ ва умраи Саудӣ фаъолияти бахшҳои худро қатъ карда, танҳо хидматрасониро тавассути нуқтаи марказияшон ба роҳ мондаанд. Ин нашрия менависад, ҳоло дар қаламрави Арабистони Саудӣ ҳудуди 400 нуқтаи хидматрасонии ширкатҳои мазкур барои зоирон аз фаъолият боз мондааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Арабистони Саудӣ эълон намуда буданд, ки ба хотири ҷараён доштани корҳои сохтмонӣ дар фурудгоҳҳои ин кишвар шумораи ҳоҷиёни имсоларо 20% коҳиш медиҳанд. Ба ҳар сурат коршиносон мегӯянд, адои ҳаҷ барои зоирони имсола осон хоҳад шуд. Чун шумораи ҳоҷиён кам аст, шояд дар рафти иҷрои рукнҳои ҳаҷ ва гаштугузор барои зоирини Хонаи Худо осоние ба миён ояд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Нахустин гуруҳи зоирони тоҷик рӯзи 21-уми сентябр тариқи ҳавопаймоҳои ширкати Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр ба Саудӣ сафар карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!