Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Зайд Саидов ин бор дар таҷовузи духтари 12-сола айбдор мешавад

24 сентябр 2013, 19:32

Оҷонсии мубориза бо коррупсия алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, боз як парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор донистааст.

Дар ин бора вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, ин айбнома бегоҳи 24-уми сентябр дар бинои оҷонсӣ бо ҳузури худи Зайд Саидов эълон шудааст. Вай гуфт, “гуруҳи тафтишотӣ ба раҳбарии Зуҳал Раҳимов Зайд Саидовро аз боздоштгоҳ ба бинои Оҷонсии зидди фасод оварда, аз ифтитоҳи боз як парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ хабар доданд. Ин парванда ҳанӯз 14-уми сентябр ифтитоҳ шудааст. Онҳо гуфтанд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти мо аз рӯи моддаи 131 ва 138, қисми 3, айб эълон шуда, ки аввалӣ маҳрум кардан аз озодӣ ва дувумӣ таҷовуз ба номуси ноболиғ аст.”

ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ

Ба қавли Қудратов, бино ба гуфтаи гурӯҳи тафтишотӣ гӯиё оқои Саидов ду сол пеш ба номуси як духтари дувоздаҳсола дастдарозӣ кардааст. Ин вакили мудофеъ гуфт, рӯзи 24-уми сентябр Зайд Саидовро дар бинои Оҷонсӣ бо нафари ҷабрдида ҳам рӯбарӯ кардаанд, вале ӯ гуфтааст, ин духтарро бори аввал мебинад ва намешиносад. “Зайд Саидов ин иттиҳоми Оҷонсиро рад кард ва онро бофтаву сохта номид”,-гуфт Шӯҳрат Қудратов.

Бо ин ҳол, вакили мудофеъ гуфт, дар боари чигуна ва дар куҷо иттифоқ уфтодани ин ҳодиса маъмулоти кофӣ дар даст надоранд. Ба қавли ӯ, рӯзи 24-уми сентябр танҳо бо айбнома онҳоро ошно кардаанду тамом. Ӯ афзуд, “аз ин ҷо вакилони мудофеъ ба хулосае омаданд, ки танаффуси эълонкарда дар мурофиаи нафари таҳти ҳимояти мо бесабаб набудааст.” Ахиран Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидовро, то рӯзи 26-уми сентябр мавқуф гузошт.

Ин барои дувумин бор аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Ин оҷонсӣ 16-уми июли соли ҷорӣ низ алайҳи соҳибкори муваффақи тоҷик "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд. Оҷонсӣ гуфта буд, ба ин ниҳод ноболиғ "А" бо ариза муроҷиат намудааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Иттилое, ки Зайд Саидов онро беасос ва дурӯғин хонда буд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра муттаҳам медонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочирон аз руссия

  • 24 сентябр 2013 21:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
парвардигоро аз тухмати ногахон ва балои охири замон нигахбон заид саидовро бо ин тухматхои фасод,охир бо ин фасодиву ,беадолативу.беконунию,махалгароиву,хешута
борбози шумо давлати точиконро нобуд кардед аз худо тарсед бо ин умри кучаки худ,ба чои он ки мо точирхои ободкоро дастгири кунем то ватанро обод кунем. шумо баракс карда истодает. охир мо мухочиро заид саидовро хуб мешносем чихел шахси худотарс боинсоф ва саховатманд аст,дар рузхои вазбини дар руссия бисер хамватанонро ердам мекард.
Посух додан
  • Tojik

  • 25 сентябр 2013 00:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Davlatu mamlakatro sharmada karda istodaed! Ba hama malum ast ki Z.Saidov begunoh ast, az dasti bofta shudani in hama aybho uro mehohand as sahnai sisyosi dur sozand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед дустон.. Агар парвандаи Зайд Саидовро тачоввуз накардан ба номуси ноболиг эълон мекардан мувофиктар мешуд..
Посух додан
  • Saif

  • 25 сентябр 2013 08:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАХАХАХ
Посух додан
  • Душанбе

  • 25 сентябр 2013 08:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ло ҳавла ва ло қуввата ило биллоҳи ъалиюл ъазим.Паноҳ мебарам ба суи Аллоҳ аз туҳматҳои ногаҳон.
Посух додан
  • саид

  • 25 сентябр 2013 08:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кор кудакбози будааст гуед
Посух додан
  • малик

  • 25 сентябр 2013 08:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба ин гуна иттиҳомот ва айбдоркуниҳо кас намедонад, ки хандад ва ё гиря кунад. агар хандад, ба ҳоли айбдоршаванда таҳқир мешавад, ва агар гиря кунад, ба ҳоли айбдоркунандагон ...............
Посух додан
  • Sado

  • 25 сентябр 2013 10:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Yagon insoni boaql ba in safsataho bovar namekunad. Sharmandaho...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!