Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:36

Кӣ ҳақ мегӯяд: Зоиров, КМИР, ФМС ё Хадамоти муҳоҷират?

25 сентябр 2013, 09:30

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар Русияро камтар аз омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) донист.

Ин ниҳод гуфт, аз аввали соли ҷорӣ то 10-уми сентябр 625 ҳазору 481 муҳоҷири кории тоҷик ба Русия рафтаанд. Ба қавли Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, “агар шумораи донишҷӯён, сайёҳон ва тоҷирони тоҷик дар Русияро ба болои теъдоди муҳоҷирони корӣ зам намоем, шумораи онҳо 773 ҳазору 491 нафарро ташкил медиҳаду тамом.”

Баҳси теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон ба миён омад. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ зимни як суҳбаташ вобаста ба иштироки муҳоҷирон дар интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 800-900 ҳазор нафар гуфта буд. Иттилое, ки баъдан Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пас аз сафараш ба Русия ва мулоқоташ бо мақомоти ин кишвар “беасос ва дурӯғ” номид.

Ахиран Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳам бар хилофи омори мақомоти Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бештар аз як миллион нафар эълон кардИн ниҳод гуфт, “дар қаламрави Русия расман 1 миллиону 229 ҳазору 324 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз ин 1 миллиону 52 ҳазору 295 мард ва 177 ҳазору 29 зан мебошанд ва аз ин ҳисоб беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарашон ҳаққи овоздиҳӣ доранд.”

Аммо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин оморро қабул надорад. Абдулло Қодирӣ гуфт, ин айби Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аст, ки як муҳоҷири тоҷикро дар тӯли як сол чаҳор бор ба қайд мегирад ва аз ин рӯ шумораи муҳоҷиронро бештар нишон медиҳад. Ба таъкиди ӯ, “бештари муҳоҷирони корӣ барои он ки баъд аз анҷоми муҳлати будубошашон берун ё маҷбуран берун карда нашаванд, Русияро тарк карда, боз вориди ин кишвар мегарданд ва такроран ба қайд гирифта мешаванд, ки ин омил боиси ихтилофи омор миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Русия шудаааст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • МУХОЧИР

  • 25 сентябр 2013 14:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР РУССИЯ МУХОЧИР НЕСТ ГУЕДУ МОНЕД-ДА.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдулло Қодирӣ вакте ки дуруг мегуи сурх мешудабоши е не ? наход то ин дарача одам вичдону номусиша фурухта бошад ки хамин гапа гуяд..нисфи Точикистон дар мухочиратан руи рост халка фиреб када шиштиян. 45/100и овоздихандагинро ташкил мекунанд мухочирон...ЧОИ ХАМАИ ИН МАНСАБДОРОН ТРИБУНАЛ ХАСТ!!! худашонхам медонанд ва ба хамин хотир намехоханд ки дигар кас ба сари кудрат биеяд чун ки холи инхо бад мешавад ба ин фиребу дуругхошон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдулло Кодири фикр меунад, ки Хадамоти федеролии мухочирати Рассия даромадини мухочиронм мехнати ба хоки Рассияро ба кайд мегираду баромаданашонро не! ин ачоиб асоснок гардонии акида аз чониби Абдулло Кодири бе хисси шармандаги.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
60-70% мардуми точик дар мухочират хастанд.
Посух додан
  • tojik

  • 20 октябр 2013 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
milion nest in durug ast.
Посух додан
  • Точикак

  • 13 ноябр 2014 18:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,

миллион нест, бародар 2 миллионай, хез аз хоб!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хотите я вам приведу пример? Так вот послушайте внимательно, не далеко от Москвы , городок не буду называть, на учете стоит 280 граждан Таджикистана, 120 из них имеют паспорта РФ, а остальные граждане Таджикистана, так вот из 48 семей дети родились в России их количество 80, то есть 80 детей маленьких которые получили справку и свидетельство о рождении в РФ но они на учете не стоят а чьи гражданин являются одному богу известно. Теперь простая арифметика 80 из 280 это почти 35 процентов. Этих
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
як Руз баъди кор дар русия мо , ки хама аз як деха будем сухбат карда нишаста будем. Як нафарамон ба фикр фуру рафта буду ногох гуфт: Бачахо як нигох ва фикр кунед! Аз хар як оилаи деха камаш як нафари дар ин чо (Руссия) хасте ва аз аксари оилахои деха хатто то чор нафари хам будем. Як нафар шухиомез гуфт, ки шояд мо дар Точикистон бошему Занхои оилахоямон ба ягон чо мехмони рафта бошанд? Акнун Абдулло Кодирй худат фикр кун, ки ин як дехаи ман Тамоми Точикистон аст. Бечора мухочирон он вакт хатто дар бобати он, ки мабодо дар чунин холат ягон нафар дар деха мурад кабрашро ки меканда бошад фикр мекарданд, зеро дар деха аксаран муйсафедон ва шахсони дигари он кадар солим набуда монда буданду халос.
Посух додан
  • Akmal

  • 14 декабр 2015 03:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Теъдоди мухочирони Точик да Руссия 1 милон не ФМС хато мекунад балки 999999 нафар мебошад ха ха ха

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!