Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Қарордоди Баҳром Ғафурӣ бо маркази продюсерии Беҳрӯз Зеваров

25 сентябр 2013, 11:36

Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи попи тоҷик ҳам ахиран ба маркази продюсерии Беҳрӯз Зеваров пайвастааст.

Беҳрӯз Зеваров ба хабаргузории "Озодагон" гуфт, суҳбатҳо бо Баҳром аз як ҳафтаи қабл шуруъ шуда ва аммо қарордоди дуҷонибаро рӯзи гузашта имзо кардаанд: "24-уми сентябр зери шартнома имзо гузоштем. Муҳлати қарордод то соли 2016 хоҳад буд".

Ҷаноби Зеваров афзуд, бо хоҳиши тарафҳо шартнома метавонад баъди 23-юми сентябри соли 2016 тамдид шавад.

Бароми Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Соли 2011 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" шинохта шуд.

"Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд.

Дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ нақш ҳам офаридааст.

Маркази продюсерии Беҳрӯз Зеваров ва ширкати "JM Production" то имрӯз бо зиёда аз 10 овозхони тоҷик қарордоди ҳамкорӣ дорад. Хонандаҳои шинохтае назири Ҷонибек Муродов, Парвин Юсуфӣ, Таҳмина Ниёзова, Фирӯза Ҳафизова ва Ховар Муродов ҳам бо ҷаноби Зеваров ҳамкорӣ дошта, дурнамои фаъолияти эҷодии худро ба ӯ бовар кардаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!