Асад: Ғарб бо душмане хаёлӣ меҷангад
Раиси ҷумҳури Сурия дар гуфтугӯ бо шабакаи расмии Чин таъкид кардааст, аз тарҳи қатъномаи байналмилалӣ дар бораи масоили кимиёии Сурия нигарон нест ва Ғарб бо душмане хаёлӣ меҷангад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар гуфтугӯ бо шабакаи расмии Чин таъкид кард, ки Димишқ аз тарҳи қатъномаи байналмилалӣ дар бораи масъалаи кимиёии Сурия нигарон нест ва Ғарб бо душмане хаёлӣ меҷангад.
Асад таъкид кардааст, ки аз тарҳи пешнависе, ки кишварҳои узви Шурои амният барои қарор додани силоҳҳои кимиёӣ таҳти назорати байналмилалӣ ироа додаанд, нигарон нест ва афзуд: “Амрико, Фаронса ва Британия ба дунболи тасвиби қатъномае дар Шурои амният бар асоси банди ҳафт ҳастанд, ки мумкин аст дар сурате, ки Димишқ аз пойбандӣ ба уҳдадориҳои худ дар бораи таслиҳоти кимиёӣ ақибнишинӣ кунад, имкони дахолати низомӣ ва ё ба коргирии таҳримҳоеро алайҳи Сурия фароҳам кунад.”
Вай таъкид кард, ки ин кишвар бо тасвиби чунин тарҳе мехоҳад худро дар ҷанг бо душмани хаёлиаш, яъне Сурия пируз нишон диҳад ва илова кардааст: Русия ва Чин нақши мусбат дар Шурои амният бозӣ мекунанд, то ҳеч баҳонае барои дахолати низомӣ дар Сурия боқӣ намонад.
Раиси ҷумҳури Сурия таъкид кард, ки силоҳҳои кимиёии Сурия дар манотиқи амне воқеанд ва таҳти назорати комили неруҳои артиши Сурия қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |