Бахшҳо

Як умр дар ғами “крыша”. Ё кай мо хушбахт мешавем?

Донишгоҳи амрикоии Миссисурӣ дақиқ кард, ки асоситарин рукни пешравии иқлими бозорӣ, ин шаффофият ва бовиҷдон будани ҳукуматҳост. Аз рӯи
пажӯҳиши ин донишгоҳ, ҳукуматҳо набояд миёни соҳибкорон, нафарони “писандида” ва “нописандида” дошта бошанд. Аммо дар кишвари мо
мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин нест.

Соҳибкорони “бечора” кӯшиш мекунанд, бо ҳукумат “хешутаборӣ” кунанд. Ба касе махфӣ нест, ки дараҷаи пешрафти соҳибкориро дар кишвари мо на кордониву тавоноӣ, балки “пуштҳо”(крыша) дақиқ менамоянд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ, ду навъи “пушт” вуҷуд дорад – пушти давлатӣ ва пушти олами ҷиноӣ. Соҳибкорони мо “пушти давлатӣ”-ро бештар меписанданд. Чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад, нафарони дорандаи чунин “пушт”, одатан намешикананд ва дар нимароҳ намемонанд. Аммо “пуштдорон” ҳам ҳарос доранд, ки Худое накарда ба ғазаби ҳокимият гирифтор нашаванд.

Ёд дорам, замоне буд, ки ҳамаи сокинони пойтахти Тоҷикистон, ширкати “Орима”-ро мешинохтанд ва раисаш Маъруф Орифов ҳамчун намуна муаррифӣ мешуд. Бисёриҳо аз кордонии бародарон Алиматовҳо завқ мекарданд. Онҳо дар як ҷои хушку холӣ корхонаи замонавӣ ташкил карданд, ки алкоҳоли сифати аъло ва дигар нӯшокиҳоро бо номи “Сим-Сим” мебароранд. Дар бораи кордонии акнун собиқ раиси корхонаи спиртбарории шаҳри Исфара, Низомхон Ҷӯраев, ки қариб ҳамаи Тоҷикистонро бо маҳсулоташ таъмин мекард, асотирҳо шунида мешуданд. Дар симои раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, Ҷӯрабек Охунов, ки сохтмонҳои 20 сол пешсохтаи ноободро таъмир карда ба сокинони кишвар бо нархи нисбатан арзон пешниҳод менамуд, мардум як наҷотбахши худро дида буданд. Аз он ки ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ба қатори беҳтарин ширкатҳои муваффақи ҷумҳурӣ табдил ёфтанд, бисёриҳо инро хизмати собиқ мудири ин ширкатҳо, Умаралӣ Қувватов медонанд, ки ҳоло дар зиндони Дубай қарор дорад. Вақтҳои охир Зайд Саидовро ҳамчун нишонаи муваффақият барои мисол намуна меоварданд. Замоне ба ӯ нишону
орденҳои давлатӣ месупориданд. Акнун ӯро мехоҳанд ба маҳбас бикашанд.

Ҳамаи ин соҳибкорони маваффақи дар боло зикршударо як чиз ба ҳам мепайвандад. Як кор, як парвандаи умумӣ. Ҷиноят. Тахмин зада мешуд, ки ин соҳибкорон “пушт”-и давлатӣ доранд. Аммо чуноне, ки дар боло қайд шуд, гирифтори ғазаби ҳукумат гардиданд. Дар муқоиса бо Ҷӯраев ва Саидов, ки онҳоро мехоҳанд барои дарозмуддат ба маҳбас бикашанд, Умаралӣ Қувватов шонси наҷот ёфтанро дорад. Агар додгоҳи Аморат хостаҳои ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба ӯ раво набинад.

Барои чӣ маҳз соҳибкорони муваффақ, онҳое, ки мустақилият ва манфиати худро назди ҷомеа мехоҳанд исбот кунанд, зери фишор қарор мегиранд? Агар воқеият чунин аст, барои Тоҷикистон роҳи пешрафт баста шудааст. Хеле монеаҳо зиёд шудаанд. Ин роҳ ба иқтисоди кишвар зарари хеле вазнин мерасонад. Аз ҳамаи ин нафарон, танҳо Алиматов, аз ҳама дороиаш маҳрум нашуд. Ҳоло истисно танҳо Зайд Саидов аст. Худое накарда, ӯ ҳам тақдири ҳамкорони худро бубинад. Муҳим нест як иқтисоддони сатҳи олӣ буд, ки нақши соҳибкориро дар бозори иқтисодӣ бифаҳмӣ. Мо нафасро бо як зӯрӣ аз ниқоби нафаскаш (кислородная маска) кашида истодаем. Ин нафаси сунъиро мо аз хориҷ мегирем. Аз муҳоҷирон. Ин роҳ моро то ба куҷоҳо мебарад, решаи он куҷост?

Таърихшинос Ҷеймс Адамс, ки рисолаи “Орзуи амрикоӣ”-ро дар замони “Касодии (рӯҳафтодагӣ) бузург” навиштааст, чунин мегӯяд: “Орзуи амрикоӣ ин аст, ки ҳар як нафар бояд сер, пур ва бой зиндагӣ кунад. Ҷое, ки онҷо кас тавонад соҳиби иззату эҳтиром бишавад”. Ин орзуи амрикоӣ дар як муддати на чандон тўлонӣ амалӣ шуд. Халқи мо ҳам мисли дигар халқҳо орзу дорад. Орзуи зиндагии шоиста. Зиндагие, ки аз шароитҳои аввалин дараҷа бархӯрдор бошад. Чунин зиндагиро халқи азияткашидаи мо сазовор аст. Савол инҷост, ки кай орзуҳо халқи мо амалӣ мешаванд?

Алӣ Мастов,
таҳлилгар
Мӯҳр
Чаноби Икс
Ман калон мешавам, Мухочир мешавам!!! аз ин дида ягон орзуи хуб хаст?

Ин орзухо амали мешавад, пас аз интихоботи раисчумхур агар инро халк хохад!

Точир
Тахлили файласуфона. Офарин Али Мастов!

Халки точик то дарачае ноумед шудаст ки, хатто майли орзу карданро хам надорад.

саид
замони ин орзухо бароварда мешавад ки мардум мо дарк вва фахм сиёсат пайдо кунанд ва бифахманд ки ободи факат чанд сохтмон нест ки дар шахрхо сохта мешавад балки ободи шуглофарини ва бозгардонидани мардум мухочирабхо ва гурбат ва истифодаи хугар ва савод онхо дар кишввар аст

Гуфрон
Халки Точик дар ватани худ хукуки орзу карданро надорад,ва касе ки орзу мекунад,тибки конунхои амалкунандаи ЧТ ба чавобгари кашида мешавад.

ванчи
Саломат бошед акаи Сабзали! дастатон дард накунад ва каламатон тезтар шавад , чун ки борхо шохиди он шудам, ки Шумо ин масалахои доги рузро хелло дар сатхи боло тахлил мекунед.

То он лахзае ки шуури мардуми Точикистон кадам ба пеш монда, худро аз фикрхои гуломона озод кунад.

эксперт,философ
ай кай боз ин кас тахлилгар шудааст?))

Бади чорумин интихоботи рахмон хамаи мо хушбахт мешавем. Сабр ва шукрона кунед, ками дигар мондаст. Як чахон ташаккур!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)