Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Дастури раис ва пахтачинии ройгони имомхатибон дар Суғд

25 сентябр 2013, 13:29

Беш аз 100 имомхатибу кормандони масоҷиди шаҳри Хуҷанд, дар доираи дастури раиси Суғд барои ҷамъоварии беталафи пахта ба саҳро сафарбар мешаванд.

Хӯҷамир Хӯҷамиров, муовини раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд ба «Озодагон» гуфт, ки рӯзи панҷшанбе, 26- уми сентябр 100 нафар имомхатибон ва кормандони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Хуҷанд, барои пахтачинӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар мекунанд. Хуҷамиров афзуд, ки имомхатибон танҳо барои як рӯз барои ҷамъоварии пахта ба деҳқонон кӯмак мерасонанд.

Муҳаббат Бобоҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, низ ин хабарро тайъид карда гуфт, «барои ғунучини пахта ҳамаи корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо сафарбар шуда истодаанд. Қарори раиси вилоят, Қоҳир Расулзода, «Дар бораи тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2013» ба тасвиб расидааст ва мардум ин қарорро дастгирӣ карда истодаанд. Аз ҷумла рӯзи панҷшанбе 100 нафар имомхатибон ва собиқадорони масоҷид ба ҷамъоварии пахта мераванд.»

Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир имомхатибони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавсими ҷамъоварии пахта барои чидани «тиллои сафед» ба саҳро мебароянд. Соли гузашта низ имомхатибони масоҷиди шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, дар давоми як рӯз ройгон пахтачинӣ карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Deputat

  • 25 сентябр 2013 14:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Kandoshona bzanan imom xatibon, hami deputathoyam paxta chini mekardand 1-2 ruz xub meshud.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта ройгон мечинанд. Хама хам ройгон мечинанд. Чунки нархи як кг пахтаи чидашуда 50 дирам аст. Агар одам дар як руз 30 кг тавонад чида 15 сомон мешавад бинобар ин имом хатибон аз бахри 15-20 мебароянду барои савоб кор мекунанд. Агар нархи як кг 2 сомон мебуд баъд барои одамони чалб кардашуда як суми нагз мешуд.Deputat,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст гуфтед бародар Фируз агар пахта 2-сомон мешуд Хукуматдорон худашон гун медоштанд ва бе ришва касеро ба сахро рох намедоданд!.
Посух додан
  • Точик

  • 25 сентябр 2013 20:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хел 50 дирам, дар чои мо 30 дирам аст.
Посух додан
  • ...

  • 25 сентябр 2013 21:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кне оли ун ташкилие ки барои имомхатибон мекнан ай 15, 20 сумам мегзара

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!