Бахшҳо

Эшони Маҳмудҷон дар бораи "бардорад зам кун, набардорад - кам"

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, мегӯяд, тоҷирон дар мавриди нархгузории моли ба фурӯшбаровардаи худ аз нигоҳи Ислом ихтиёр доранд.

Эшони Маҳмудҷон дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтааст, фурӯшандаҳо қимати моли худро чӣ қадаре мехоҳанд, изофа кунанд, ҷоиз аст. Ин рӯҳонии сарнишоси кишвар сухани худро тавзеҳ дода, таъкид кардааст, ин амал дар сурате аз нигоҳи Ислом раво дониста мешавад, ки нархи ҳамон мол дар бозор муайян набошад ва эҳтимоли каму зиёд шудан дошта бошад.

Вале ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, агар моле нархаш дар бозор муайян бошаду фурӯшанда нархи онро аз нархи бозор бидуни огаҳии харидор гарон фурӯшад, пас, дар ин сурат, ин амал ҷоиз нест. “Чун фиребкорӣ маҳсуб мешавад”,-гуфтааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир, бахусус наздикшавии рӯзҳои ид ва моҳи Рамазон масъалаи нархгузорӣ шудани молҳо аз сӯи тоҷирон миёни шаҳрвандони Тоҷикистон эътирозҳоеро ба миён меорад. Сокинони шаҳру навоҳии кишвар мегӯянд, дар бархе маврид тоҷирон нархи моли худро ба хотири наздикшавии рӯзҳои ид беасос ду чанд боло мебаранд.
Мӯҳр
Мухочир
Ярхамакаллоху!Фатвои хуб ва далелхои муътамад!
Бисер хуб мешуд,агар барои точироне,ки пеш аз идхои мусулмонй беасос нархи молхои худро баланд намуда,дасти худро ба чайби мардуми факиру миенахоли Точикистон "дарунтар меандозанд",чазо мукаррар шавад,чунки дар Русия пеш аз хамаи идхои хох динию хох дунявй ва пеш аз огози тахсили мактабхо нарххо ба маротиб паст мераванд.
Мутаассифона,хамон чизе,ки мо мегуем беасос,агар пеш аз идхо асоснок нарххоро боло бардоранд,хам асосашон асос надорад,чунки бештари точирон аз адлу инсофу худотарсй хабаре надоранд ва дар хирси молу пул афтидаанд!

Хуршед
Афсус савдогарони бозорхои мо ё хати кирилй балад нестанд ё ин ки
барои унхо суханони Эшон дастрас нест, яъне сарукор ба интернет надоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)