Бахшҳо
25 сен 2013 15:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти гуруҳи “Алик-Малик”-боз дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти гуруҳе хабар медиҳад, ки дар Душанбе тариқи бозии “Алик-Малик”, бо фиреб маблағи шаҳрвандонро соҳиб мешудаанд.

Ба иттилои манбаъ ин боздошт баъди он сурат гирифт, ки ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, Қурбонов Қурбоналӣ Рамазонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, муроҷиат намуда арз доштааст, ки рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар бозори фурӯши мошинҳо дар маҳаллаи Гипрозем шахсони номаълум ӯро ба бозии «Алик-Малик» даъват менамоянд: “Қурбонов бозиро, ки ба воситаи 3-адад стакони пластикӣ ва як шарик сурат мегирад, тамошо кардааст, вале аз бозӣ кардан дар он даст мекашад. Аммо ташкилкунандагони бозӣ, ки шумораашон ба 5-6 нафар мерасид, ӯро ба ҳалқа иҳота карда, аз ҳамёни дар дасташ буда, ошкоро ва маҷбурӣ маблағи 700 доллари амрикоӣ ва 200 сомониашро гирифтаанд ва 1 адад стаконро, ки медонистанд, дар дарунаш ҳеч чиз нест мекушоянд ва бозиро бохтӣ гуфта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.”

Ба иттилои ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон, Шарипов Аҳмадҷон Егиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рудакӣ, Баротов Муродалӣ Тошмуродович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ, Зокиров Воҳид Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1980, Раҳимов Фирдавс Сайвалиевич ва Кузаев Руслан Элбрусович, соли таваллудашон 1991, сокинони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд ва айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки чунин гуруҳҳо, ки тариқи се стакон ва як шарик маблағи шаҳрвандонро аз худ мекунанд, дар кӯчаҳои пойтахт зиёд ба назар мерасанд ва баъзан дар зери чашми мақомот мардумфиребӣ мекунанд.
Мӯҳр
дар назди бозори автовакзалам хастай алик малик

Карим
Якум ин,ки худи бозингаре ки рози мешавад ба ин гуна фиреб,гунахкор аст.Наход то ин дарача одамизод беакл бошад,ки ба фиреби ошкоро бовар кунад. Агар ба ин каллобон хеч кас ахмият надихад,охиста охиста худашон аз ин кор даст мекашанд.Бехуда нагуфтаанд ки БУЛОЧКА ЁФТИ НАХУРИ-УБОЛ АСТ.

Малик
Ин бадбахтхоро зиндони кунед. Аз хисоби ин бозии харомашон маблаги зиёди мардумро аз худ кардаанд.

Фмруз
ба фикри ман якум худи макомотхои дахлдори хамун махала гунахгоранд, ки пеши рохи ин ходисаро дидаю дониста намегиранд ва барои хамин баъзе мардуми соддаю камбагал гирифтори фиреби ин худозадахо мегарданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)