Бахшҳо
25 сен 2013 15:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Разбор”-и ҷавонон дар Душанбе бо куштор анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ахиран муноқиша ё худ “разбор”-и ҷавонон дар Душанбе як кушта ва чанд маҷруҳ барҷой гузошт.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 22-юми сентябри соли равон сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Кариабдиев Аваз Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1994 ва Ҳусейнов Раҳматулло Баҳриддинович, соли таваллудаш 1995 муноқишаву ҷанҷол намуда, созиш мекунанд, ки бо ҳам вохӯрда «мардонавор» муноқишаи бамиёномадаро ҳал мекунанд: “Санаи 23-юми сентябри 2013, соати 18:30 дақиқа шаҳрванд Кариабдиев бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи рафиқонаш шаҳрвандон, Ғафуров Судан Қудбиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Варзоб, Мирзоев Нурулло Абдурауфович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рудакӣ, Сайфиддинов Самандар Асомиддинович ва Олимов Садриддин Сироҷович, соли таваллудашон 1991, сокинони шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт бо шаҳрвандон-Ҳусейнов Раҳматулло, Файзов Хайём Назаралиевич, соли таваллудаш 1993, Одинаев Аюб Давлатович, соли таваллудаш 1995, Сайдалиев Муродалӣ Раҳмонович, соли таваллудаш 1996 ва Сайдалиев Курбоналӣ Раҳмоналиевич, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандагони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе вохӯрда, бо ҳамдигар муддати зиёда аз 25-30 дақиқа муноқиша намуда, баъд ба занозанӣ мегузаранд, ки дар натиҷа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.”

Манбаъ мегӯяд, зимни ин занозанӣ, шаҳрванд Одинаев Аюб ба бадани Мирзоев Нурулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрванд Сайдалиев Муродалиев бошад ба шаҳрванд Ғафуров Судан бо корд якчанд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ба иттилои ВКД аз зарбаи корд ба қафаси сина ва қисми шикам Ғафуров Судан Қудбиддинович дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расида, шаҳрванд Мирзоев Нурулло Абдурауфович дар беморхона барои муолиҷа бистарӣ карда мешавад.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки айни ҳол гумонбарони ҷинояти куштор, расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва авбошии дар боло номбаршуда, дастгир карда шуда, нисбаташон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Мурод
Дар ин вакт агар ин чавонон барои адои намози шом дар масчид мебуданд, ин ходиса рух намедод.

Dev
Мурод,
Hamai hodisayu vokearo ba namozu rish burda nachaspon !Dar vakti Shuravi kase namozhon nabud , vale hama bovijdonu pok budand. Ba hamai in betartibiho fakat hukumat gunahkor ast... dasti Stalini lozim ast , ki in javonhoi nojavonmard kadami hudro donista monand.

Кори хуб не. Афсус бародарои мо, бисеруш мисли гусфандан. Джанг мегуянд, корд каши мекунан. Хушер бошед бародарон, шумо одамед на ин ки саг! Одам, тем более мард бояд бо сухан гапашро гузаронад. Оне ки мушт мезанад мисли зан, ягон сифати марди надорад. Окибаташро бубинед. Яке таги хок рафт, дигаре ба махкама меравад. Бар сари хешу таборашон талхи овардан, халос. Ин аст окибати кори харом! Хушер бошед, хушер.

Чавон аз Душанбе
Агар дар вокеъ чунин аст, яъне амали номардона содир карда бошанд говсудашон кунан. Ин тоифа мардум натанхо дар назди конун чавоб мегуянд, балки тибки конунхои зона низ мавриди пурсиш карор мегиранд. Вокеан миёни чавонони имруза нисбати чавонони 10-15 соли пеш номарди зиёд дида мешавад, алалхусус кордзани.

Фируз
Ман ба фикри Мурод розиям чунки агар ин гурух аз дини ислом бо хабар мебуданд хечгох ба ин кор даст намезаданд ва худи сохибони хамин бачахо гунахгоранд

барои занак факат номардо разбор мекунанд хайфи умри чавони. хайфи мехнати падару модарон.

Бародар Мурод.Ту мусалмон боши чи ика аз ришу намоз нафрат дори.Бародар агар вай каме имону инсоф медошт даст ба одамкуши намезад.Вакти Шуравит кавристон буд.24 соат хар вори мардумро кор мефармуданд.

Ин гуна чавонони кордзану хунхор арзандаи хаети тулони зери панчара мебошанд. Баъдан тавассути телевизион бояд, ки аз ин ходиса хабар дод ва симои он чавонони хунхорро нишон диханд то ба дигарон дарси ибрат шавад. !!

Aslam
Margi sayti gadoyakton chi kamentariahoi maro nameburored !?

салом бар хонандагони азиз!!!
Воқеан аз хондани ин хабар нороҳат шудам ва рӯҳияам шикаст, ман аз ҷавонони тоҷик инро умедвор набудам. Мо ҳам ҷовон ҳастем ва бояд барои тараққиёту пешравиҳои кишвари азизамон талош кунем на барои дигар корҳои ғайри инсонӣ. Ин амалҳои шумо амали инсони нест, чаро ин корро анҷон медиҳед?
Аз инкӣ бо ҳам маслиҳат мекунед ва гурӯҳҳои ҷангӣ омода мекунед, шинед бо ҳам дар як мизи мудаввар ва барои ободии кишвари азизамон талош кунед ва роҳҳои пешбурди зиндагии солимро баён кунед,
масъалаҳои рӯзмарро таҳлил кунед ва назароти худро баён кунед ва агар роҳи ҳале, ки дошта бошед баён кунед. Ва талош кунед, номи худро ҳамчун номбардори миллат дар таърих сабт кунед.
Ҷавонони азизи кишвар канор гузоред ҷангу занозаниву амалҳои ғайриинсониро равед дунболи короре шавед, барои миллати азизам лозим бошад. ҳам ба нафъи худ ва ҳам ба нафъи ҷоме бошад, мутаассифона ин кореро, ки шумо анҷом додед на ба нафъи шумо ва ба нафъи ҷомеа аст, баракс ин аст.
Ин даврон, яъне даврони ҷавони як давроне ҳаст, ки дар рӯҳия ҷавонон таъсир мегузорад. Ва ин таъсир боиси сарзадани бисёр корҳо мешавад.
бародарони азиз биёен бо ҳам ин корҳоро канор мегузорем ва бо ҳам барои гулистон гардонидани ватани азизамон талош мекунем.
аз шумо хоҳиш мекунам, барои сулҳу осудагии миллати азизамон дуо кунед.
Худо нигаҳдори шумо бародарони азизу гиромӢ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)